100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
низ ӯ дар байни шоирони Юнон бузургтарин ба ҳисоб меравад ва дар хазинаи ҷавоҳироти адабиёти дунё аз дурдонаҳои дурахшонтарин аст.
Мисраъҳои сурудҳои ӯ барои ҳамзамонони шоир ба як оҳангу мазмун садо намедоданд, ҳар бори шунидан маъноҳои нав ба нави онҳо кашф мегаштанд. Барои фозилону алломаҳои дайру донишгоҳҳои давраи Эҳё низ чунин буд. Ҳомери ягонаву холис ва дар айни замон шоири беҳад қобилиятнок якбора ба хонанда хешро ошкор намесохт, балки назокатҳои эҷодиёти ӯ муттасил, қисм ба қисм айён мешуданд. Ҳол он ки осори бисёр эҷодгарон дар замони зиндагиашон аллакай барои хонандаву шунаванда ягон сирру асрори ниҳон надошт. Аммо достонҳои Ҳомер ҳамоно дорои сирру асроранд, аз ин рӯ, талабот нисбаташон ҳамеша дар фузудан аст. Фазилати Ҳомер, тамкини хайрхоҳонаи ӯ, хушахлоқии ӯ, закавати ӯ алломаҳои замони қадимро ба ҳайрат оварда буданд. Маорифпарварони нимаи дуюми асри XVIII-и Фаронса аз самимият, фурӯтанӣ ва инсондӯстии Ҳомер ба ваҷд омада, таъкид доштаанд, ки «Илиада» ва «Одиссей» ҳиссиёти инсонро комилан табиӣ, бе ягон суханбозиҳои муболиғаомез тасвир намудаанд.
Гогол, ки достонҳои Ҳомерро намунаи ягонаи барҷастаи ҳақиқатнигорӣ дар ҷаҳон эътироф мекард, ба аҳамияти бузурги тарбиявӣ доштани «Одиссей» мӯътақид буд. Мегуфт, ки дар ниҳоди шахс зиндадилӣ ва боварӣ ба ояндаи некро мепарварад. Лев Толстой дар қироат намудани осори Ҳомер сарчашмаи ҳақиқии ҳавасмандиро ба эҷод кардан дарёфта буд.
Заковати ҳомерӣ аз эҷодиёти шифоҳии мардум рӯида, вале ба дараҷае аз он боло қад кашидааст, ки гоҳо ҷузъҳои ҷудогонаи фолклор ба қисмҳои ҷудоинопазири тарзи махсуси эҷоди ӯ табдил ёфтаанд.
«Заковати эҷодгарии вай ба мисли кӯраи маъдангудозист, ки ба воситаи он «маъдани дағал»-и ривоёти халқӣ ва сурудҳову

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё