100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ва ҳам оилаи дар деҳа мондаи худро бояд таъмин менамуд. Театр фоида овард. Шекспир дар соли 1597 хонаи сангини калонтарини Стратфордрод ба 60 фунт стерлинг харид. То ин вақт падараш барои гирифтани унвони дворянӣ дархост дода буд ва он соли 1596 қонеъ гардонда шуд.
Давраи Шекспир оғоз ёфт. Ф. Мерез, яке аз ҳамзамонони ӯ, дар соли 1597 навиштааст: «Чӣ хеле ки Плавт ва Сенека аз ҷониби римиҳо дар офаридани мазҳакаю фоҷиа бемисл ҳисоб меёбанд, Шекспир дар ҳар ду намуд ҳам пештоз аст».
Дар мӯҳлати кӯтоҳ, дар тӯли панҷ-шаш сол Шекспир понздаҳ пьеса навишт: вақоеъномаҳои «Ричарди II», «Шоҳ Ҷон», «Генрихи IV» (дар ду қисм), «Генрихи V», мазҳакаҳои «Ду веронӣ», «Кӯшишҳои бесамари ишқ», «Хоби шаби тобистон», «Савдогари венетсиягӣ», «Як пула гапу сад пула ғавғо», «Шаби дувоздаҳум», фоҷиаҳои «Ромео ва Джулетта», «Юлий Сезар». Дар сиюпанҷсолиаш Шекспир ба авҷи шӯҳрат расид.
Тирамоҳи соли 1599 театри «Глобус» ба фаъолият пардохт. Дар вурудгоҳаш чунин мақол сабт ёфта буд: «Тамоми дунё — театр». Шекспир актёр, муаллиф ва яке аз соҳибони асосии он ба ҳисоб мерафт.
Давраи нави эҷодиёти Шекспир, давраи «фоҷиаҳои бузург» (1601-1606) оғоз ёфт. Нигоҳи муаллиф ба зиндагӣ дигар гашт, ҷойи хандаю нишот, ҳазлу шӯхиро нобоварӣ ба оянда мегирад. Дар оғози ин силсила пьесаи «Юлий Сезар» меистад, пас аз он Шекспир «Ҳамлет» (1601)-ро анҷом медиҳад, баъдтар фоҷиаҳои «Отелло» (1604), «Шоҳ Лир» (1605), «Макбет» (1606) тавлид меёбанд.
Муноқишаҳои ҷамъиятию сиёсиро Шекспир ҳамчун қонунҳои сохторҳои дунявӣ тасвир месозад. Ӯ характерҳои ҷолибе офаридааст, қаҳрамонҳояш баҳри ба мақсад расидан омодаи ҳар гуна корнамоӣ мебошанд, ҳатто аз супурдани ҷони ширин ҳам ҳазар надоранд. Қаҳрамонҳояш тайёранд, ки барои идеяи худ ё ишқ аз чаҳорчӯбаи «қонун»-и одоб ҳам бигзаранд ва ҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё