100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ба Ҷаббор супоранд. 28 марти соли 1603 малика Елизавета оламро падруд мегӯяд. Тахти шоҳигарии Англия ба Якови 1, писари Мария Стюарти қатлшуда, мерасад. Дар даврони шоҳи нав муносибат нисбати театрҳо тағйир меёбад. Яков ҳамаи театрҳоро зери назорати шахсӣ гирифт. Акнун танҳо аъзои оилаи шоҳ метавонист ба театр пуштбон шавад. Дастаи театрие, ки ба он Шекспир шомил буд, ба шарафи бузург ноил гашт. Васигии онро шоҳ ба зимма дошт.
Пас аз соли 1606 давраи охирини эҷодиёти Шекспир шурӯъ мешавад. Нависандаро образи қаҳрамонони тахайюлӣ, дунёи дигар, ки дар он ҷо одам метавонад бо ҷидду ҷаҳди хеш ҳаёти хушбахтона ба сар барад ва некӣ бар бадӣ пирӯз меояд, ба худ мекашанд. Дар ин байн дар асоси сюжетҳои атиқа фоҷиаҳои «Антоний ва Клеопатра», «Кориолан», «Тимони афинӣ» (1607-1608), пйесаҳои «Симбелин», «Афсонаи зимистон» ва «Тӯфон» (1610-1612)-ро эҷод намуд, ки пур аз лаҳзаҳои романтикианд.
Қарибиҳои соли 1610 Шекспир ба Стратфорд баргашт. Аз соли 1612 бошад пурра дар хонаи сангин, ки дар бараш боғе дошт ва он то соҳили дарёи Эйвон мерасид, ҷой гирифт. Шояд саломатиаш ӯро ба ин амал водор сохта бошад. Зеро аллакай дар соли 1614 тараддуди тартиб додани васиятнома кард. Нусхаи охирини онро моҳи марти соли 1616 имзо намуд ва 23 апрели соли 1616 аз олам чашм пӯшид.
Пас аз ду рӯз маросими дафнаш дар калисои Сегонаи муқаддас (Святая Троица)-и Стратфорд баргузор гашт ва дар ин хусус дар китоби сабти таваллуду фавт қайде ҳам ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё