100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
дорад ва баҳри ба мақсад расидан ҳатто лашкари Римро ба имдод хостааст. Ба гуфти ӯ малика аллакай бо ёрии ошиқаш Гней Помпей, ки бо лақаби Кабир машҳур буд, дар ин роҳ чанд қадам ҳам гузоштааст. Гӯё малика худро ба паҳлавон бахшидааст, зеро вай ҳанӯз ҳафт сол пеш ба падари ӯ дар устувор намудани тахти Миср мадад расонда буд.
Халқи ба шӯр омада ба ҳаёти Клеопатра таҳдид мекард. Малика хост бо чанд нафар аз Александрия фирор намояд. Вале аз рафти ҳодиса Юлий Сезар бохабар гашта, ба Птолемейи XII ва Клеопатра фармон дод, ки сипоҳиёнашонро пароканда созанду шахсан ба наздаш омада ҳисобот диҳанд.
Нахустин вохӯрии римӣ бо мисрӣ қариб то субҳ тӯл кашид... Клеопатра шарбати нусрат чашид. Ӯ ҳамагӣ нуздаҳро пур карда буд. Зебоии шигифтангезу дилрабояш нерӯи мағлубнапазире дошт. Агар илова намоем, ки лаҳнаш басо маҳину мусиқиваш буд, ошкор мегардад, ки чаро Юлий Сезар ақлашро ба як бор бохт.
Ошӯб новобаста ба кӯшишҳои Сезар хомӯш нагашт, баръакс миёни римиҳою мисриҳо ҳарбу зарб ба вуқӯъ пайваст. Сезар ва Клеопатра дар қаср, дар муҳосира монданд, вале мадади ҳарбӣ сари вақт расид. Птолемейи XII дар Нил ғарқ шуд. Ҳамин тавр ҷанг, ки дар таърих бо номи «Ҷанги Клеопатра» машҳур гашт, хотима ёфт.
Сарлашкар дар Александрия тартиботро ҷорӣ намуд. Барои он ки мисриёнро асабӣ насозад, зуд Клеопатраро ба бародари дуюмаш Птолемейи XIII, Неотерос, ҷавони шонздаҳсолаи касалманд, ақди никоҳ баст. Ҳам ин никоҳ ва ҳам дуҳокимияти қалбакӣ буданд. Малика чун маъшуқаи Сезар монд ва танҳо бо ёрии найзаи римиҳо давлатро идора мекард.
Диктаторро ба Рим, ки он ҷо бетартибӣ ҳукм меронду хун мерехт, бозхонданд. Пас аз чанд моҳ Клеопатра писаре ба дунё овард. Ӯро Птолемей - Сезарин ном гузошт ва бо ин қасдан муносибати худро бо Сезар ба атрофиён ошкор сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё