Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вале ӯ дар муҳити муноқишаҳои оилавӣ ба камол расид. Пурра зери таъсири модар, Олимпиадаи мансабдӯст қарор дошт ва ба чеҳраи падар бо чашмони модар менигарист.

Филиппи II кӯшид, ки писарро ҷониби хеш кашад ва дар рӯҳияи худаш тарбия намояд. Вақте ки Александр ба синни сез-даҳ расид, Арасту ба таълиму тарбияаш пардохт. Се сол Алек-сандр аз ӯ сабақ гирифт. Аз рӯйи гуфти Плутарх, Арасту ба шоҳзода илми этика ва сиёсат омӯзонд. Плутарх боз шаҳодат медиҳад, ки Арасту Александрро ба иҷрои нақши ҳукмрон -сар-лашкари юнониҳо омода месохт. Барои ин махсус силсилаи лексияҳоро омода мекард. Шоҳзода «Илиада» ва «Одиссея»-ро мукаммал омӯхт. Тайёрии ҳарбии Александр зери роҳбарии падар сурат гирифт.

Соли 340-и то милод Филиппи II ҳангоми ба ҷанги зидди Пе-ринф рафтан, идораи давлатро ба Александр вогузошт. Ӯ худро аз ҳар ҷиҳат вориси ҳақиқии падар намоиш дод. Вале волидайн аз ҳам ҷудо шуданд ва ин зарба ба қалби шоҳзодаи ҷавон зад. Филипп бо Клеопатра, ҷияни Аттал, ақди никоҳ баст. Александр аз суиқасди душман тарсида, дар Иллирия пинҳон шуд.

Муноқиша ногаҳон ҳалли худро ёфт. Соли 336-и то ми-лод, ҳангоми тӯйи духтари Филиппи II Клеопатра ва шоҳи Эпир Александр, шоҳ Филипп ба дасти ҳамватанаш Павсаний куш-та шуд. Павсаний ба шоҳ хусумати шахсӣ дошт. Вале марги шоҳ ба Олимпиадаю Александр лаҷоми ҳокимиятро мерос гу-зошт. Мувофиқи анъанаи мақдуниҳо Александрро дар назди кӯшунҳои сафороста шоҳ эълон карданд. Шоҳи ҷавон гуфт, ки сиёсати падарро идома мебахшад. Вай тамоми малака ва не-рӯи ҷисмонию ақлонияшро ба бозсозии артиш бахшид. Халқ-ро аз ҳама гуна ӯҳдадориҳо, ғайри хизмати ҳарбӣ, озод намуд. Александр мехост, ки кишвараш соҳибистиқлол бошад, аммо мақсадаш ҳукмрони ҷаҳон шудан буд. Ӯ муттасил ба иҷрои ниятҳояш даст мезад. Шаҳру давлатҳои Юнон, Фессал, Фифа, Фракия, Афинаро зери итоаташ даровард. Сипас амалиёти

пешина
аз 424
навбатӣ