100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Балканро бо комёбӣ ба анҷом расонд ва кишварҳои то соҳили дарёи Дунайро мутеъ сохт. Вай 30 ҳазор навкари пиёдагард ва 5 ҳазор аскари савора ҷамъ оварда, баҳори соли 334 – и то милод бар зидди Дорои III, ҳукмрони кишвари басо бузурги Форс, ки қаламраваш аз Миср то Ҳинд тӯл мекашид, «андаромад ба ҷанг». Юнониҳо мехостанд форсҳоро шикаст дода, дар баҳри Миёназамин ва Осиёи Сағир нуфуз пайдо намоянд ва роҳи тиҷоратии байни Шарқу Ғарбро соҳиб шаванд.
Киштиҳои Александр дар наздикии Трояи машҳур лангар партофтанд, ҳангоми ба соҳил наздик омадан шоҳ найзаи дасташро ба ҳаво андохт ва он ба хоки Осиё ғӯтид. Сипас, ӯ ба соҳил ҷаҳид ва нахустин шуда ба замини матлуб қадам гузошт. «Бо найза ғасб намудани замин» ба ақидаи юнониёни аҳди қадим туҳфаи худоён ба ҳисоб мерафт. Ва Александр бо ин амали худ мехост дастгирии худоёнро ба забти кишварҳои бегона таъмин созад.
Ҷанг бо Доро чанд сол тӯл кашид. Ҷанговарон шоҳи худро чун Худо мепарастиданд ва ба иҷрои ҳар гуна фармони ӯ омода буданд. Онҳоро ҷасорати беандоза, далерӣ ва рафтори лоуболонаи Александр ба шигифт меовард. Ӯ ҳамеша пешопеши артиш мерафт ва навкаронро ба ҳарбу зарб мебурд. Соли 334 – и то милод артиши серҳазораи Дороро дар соҳили дарёи Граник торумор намуд. Баҳори соли 333-и то милод Александр бо Дорои III дар соҳили дарёи Пинар, наздикии шаҳри Исса, рӯ ба рӯ шуд. Муҳорибаи шадид ба вуқӯъ пайваст, маҳорати лашкаркашии Александр ин бор низ пирӯзӣ овард. Доро гурехт. Бисёр шаҳрҳо бе ҷанг ба шоҳи мақдунӣ сари таслим фуруд меоварданд. Танҳо шаҳри Тир ҳафт моҳ муқобилият намуд. Баъди забти он Александр сокинонро ба ғуломӣ фурӯхт ва шаҳрро оташ зад. Аҳолии Миср Александрро ҳамчун озодибахш аз зери юги форсҳо истиқбол гирифт. Коҳинони мисрӣ ӯро писари Худо ва ҳукмрони Осиё эълон карданд.
Доро ба Александр дасти сулҳ дароз намуд. Мақдунӣ онро фишурдан нахост. Дар номааш гуфт: «Дар оянда, агар ту мактуб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё