Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

навиштан хоҳӣ, ба ман чун ба шоҳи Осиё муроҷиат намо. Агар унвони шоҳиро аз ман гирифтан хоҳӣ, ба майдон баро, нагурез, дар куҷое, ки бошӣ, туро меёбам.»

Баъди чанд муҳориба дар шимолу шарқии Эрон Доро хост нерӯ гирд орад. Александр аз ин бохабар гашта ба он сӯ лаш- кар кашид. Вале Доро ба дасташ наафтод. Ашрофони форс, ки аз сиёсати шоҳ димоғсӯхта буданд, ҳангоми омад — омади мақ- дуниён ӯро куштанд. Ва дар ин ҳолат низ Александр бори ди- гар бузургии хешро намоиш дод. Вай назди ҷасади Дорои III ба зону истод ва болои майитро бо болопӯши шоҳонааш пӯшонд. Баъди ин халқи форс Александрро чун шоҳи ҳақиқӣ пазируфт.

Соли 333-и то милод Александр барои қасоси Дороро ги- рифтан ба Осиёи Миёна — Бохтару Суғд ҳуҷум овард. Хунре- зиҳо се сол идома ёфтанд. Пас аз қатли Спитамен ва хонадор шудан ба Рухшона ба Александр муяссар гашт, ки каме нафа- си осуда кашад. Баъди тасарруфи Осиёи Миёна ба воситаи қаторкӯҳи Ҳиндукуш ба хоки Ҳинд ҳамлавар шуд. Муҳорибаҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд, ҳазорҳо хонаҳо сӯхтаву чандин шаҳрҳо валангор шуданд. Баъд аз ин ҷанг ба дили мақдуниҳо зад. Онҳо ёди ватан карданд. Соли 325 — и то милод Александр аз Ҳиндустон баргашт ва Вавилонро пойтахти империя баргу- зид. Орзу дошт, ки юришҳояро идома бахшад. Киштиҳо ме- сохт, сӯи Ғарб рафтан мехост. Аммо тобистони соли 323 — и то милод мариз шуду фавтид. Ҷасади шоҳро ба Миср ба шаҳри Александрия оварда, дар дахмаи бузурге ҷой намуданд.

Пас аз вафоташ империяи мӯҳташами ӯ дер наистод, па- роканда шуд. Саросари кишварҳои забткардаашро шӯриши халқҳо фаро мегирифт, байни лашкаркашони мақдунӣ ихтило- фҳо ба миён омаданд. Саркардаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, бо ҳам меҷангиданд, ҳар кадоми онҳо мехост аз мероси Александр луқмаи калонтаре канда гирад. Вале ин ба ягон нафари онҳо муяссар нагашт.

пешина
аз 424
навбатӣ