100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Гай Юлий Сезар соли 100-уми то милод, 12-уми моҳи квинтал, ки баъдтар ба шарафи ӯ июл номгузорӣ шуд, таваллуд ёфтааст.
Вай мутааллиқи авлоди қадиму машҳур, вале қашшоқгаштаи Юлийҳо буд. Аз бачагӣ маълумоти кофӣ гирифт. Он вақт таълим аз омӯзиши забони юнонӣ, адабиёт, фалсафа, таърих ва ҳунари нотиқӣ иборат буд. Сезар, ки табиатан бо истеъдоди фавқулоддааш фарқ мекард, зуд дар суханварӣ вирди забонҳо гардид. Аз ҳамаи нотиқони замонааш ӯ танҳо аз Сисерон, ки машҳури омма гашта буд, қафо меистод. Худи Сисерон ба санъати суханпардозии Сезар мафтун шуда, дар як номааш навиштааст: «Кӣ нисбати ӯ бурротар ҳарф мезанад, кӣ бештар андешаҳо дорад!? Кӣ пуршукӯҳу бонафосат аст ҳангоми гуфтор!?»
Таърихдон Н.В.Самозвансев чунин нигошта: «Робитаҳои оилавии Сезари ҷавон мавқеи варо дар олами сиёсат муайян намуд: хоҳари падараш Юлия, завҷаи Гай Марий, ҳокими мутлақи Рим буду Корнелия, зани якуми Сезар, духтари Синней, вориси Марий, ба ҳисоб мерафт. Соли 83-и то милод Сезар қоҳини дайри Юпитер (Юпитер номи Зевс дар асотири римиёни қадим) интихоб мегардад. Диктатураи ҷоринамудаи Сулла дар соли 82-и то милод ва таъқиби ҷонибдорони Марий ба вазъи Сезар таъсири манфӣ расонд. Ӯро аз вазифаи қоҳинӣ сабукдӯш ва аз Корнелия ҷудо шуданашро тақозо карданд. Сезар гардан надод. Ин оқибати нохуш овард. Амволи завҷааш мусодира гашт. Сулла ба қоҳини ҷавон раҳм намуд, ҳарчанд ба ӯ бо шубҳа менигарист. «Дар ниҳоди бача бисёр Марийҳо нуҳуфтаанд», меандешид диктатор.
Баъд аз ин Сезар ба Осиёи Сағир рафта, ба хизмати ҳарбӣ шомил шуд. Дар Вифиния ва Киликия зиста, дар муҳорибаи Митилина ширкат варзид. Пас аз марги Сулла ба Рим баргашт, дар амалиётҳои судӣ баромад мекард. Баҳри сайқал додани маҳорати суханпардозӣ ба ҷазираи Родос ба шогирдии нотиқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё