100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
маъруфу шуҳратёр Аполлоний Молоң рафт. Ҳангоми бозгашт ба роҳзанҳои баҳрӣ асир афтод.
Вақте ки роҳзанҳо барои озодиаш бист талант (дар он давр ин маблағи бузург буд) талаб карданд, Сезар аз таҳти дил хандида гуфт, ки онҳо намедонанд киро асир гирифтаанд ва худаш маблағи гаравро панҷоҳ талант муайян намуд. Одамонашро барои овардани маблағ фиристоду бо як рафиқ ва ду хизматгор дар байни роҳзанҳои хунхор монд. Бо сари баланд, бовиқору таҳаммул мегашт ва роҳзанҳо ҷуръати бо ӯ ҳамгап шудан намекарданд. Сезар маблағи гаравро супурд, вале баъдтар роҳзанҳои баҳриро дар ҷанг шикаст дода, ҳамаашонро аз дами теғ гузаронд.
Баъди бозгашт ба Рим Сезар бо суханварӣ ва туҳфаҳои гаронбаҳо шаҳрвандони Римро сӯи худ кашид. Мақсад дошт, ки диктатор шавад ва муттасил баҳри он мекӯшид. Ӯ роҳи ягонаи ба қуллаи мурод расиданро дарёфт ва ин роҳ варо пайваста боло мебурд.
Сезар мепиндошт, ки ба намояндагони васеи табақаҳои поёнии аҳолӣ (плебейҳо) такя намуда, метавонад сохтори ҷумҳурии ашрофонро вожгун созад. Аз ин рӯ маблағро дареғ намедошт. Торафт бештар ба қарз меғутид, вале плебейҳоро зиёдтар сӯи худ мекашид. Вақте ки ба мансаби нахустини давлатӣ комёб гашт, қарзаш ба ҳазору сесад талант расид. Ҳангоми Эдил (яке аз вазифаҳои баландтарини давлатӣ) буданаш, Сезар баҳри қонеъ сохтани талаботи плебейҳо ба саҳнаи тамошои сирк 320 ҷуфт гладиатор баровард. Дар театр, маросими қабул ва зиёфатҳо маблағҳои бузургро сарф карда, ҳамаро ба ҳайрат меовард.
Вақте ки Понтифики Кабир, саркоҳини давлат, ба дунёи абад рахти сафар баст, Сезар хоҳиши гирифтани ин мансабро карда, номзадиашро ба интихобот пешбарӣ намуд, ҳарчанд ду нафар ҳарифи пурзӯр дошт. Дар интихобот Сезар пирӯз шуд.
Бо ин вай сенат ва ашхоси номдорро ҳушёр дод, ки зарур ояд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё