100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ҷониби сенат диктатори якумраи давлати Рим эълон гашт.
Аз 1 январи соли 45-и то милод тарзи нави солшуморӣ ҷорӣ гардид ва бо номи ҷадвали Юлианӣ машҳур шуд.
Сезар бисёр душманонашро мебахшид ва онҳоро ба идораи давлат роҳ медод. Ин ба мухолифин нерӯ мебахшид. Бар зидди Сезар сӯиқасд омода мешуд. Роҳбарони он Юний Брут, Кассий Лонгин, Детсим Брут ва илҳомбахшашон Марк Туллий Сисерон — ҷонибдорони сохти ҷумҳуриявӣ буданд.
15 марти соли 44-и то милод Сезар аз дасти қотил ба марг расид. Дар ривоят аст, ки ҷасади ӯ ба зери пояи муҷАССАМАИ Помпей, ки вай ҳам аз дасти хоинон кушта шуда буд, афтод. Император Октавиан Август, вориси Сезар ва асосгузори империяи Рим, дар ҷое, ки ҳангоми видоъ ҷасади Сезар сӯзонда шуда буд, ибодатгоҳи мармарӣ бунёд намуд. Дар тӯли таърихи минбаъдаи империяи Рим ҳамаи императорон номи Сезарро доштанд: вожаи Сезар ба исми типӣ ва унвон табдил ёфта буд.
Наполеон Бонапарт
(Солҳои зиндагиаш 1769–1821)
Наполеон ташкилотчии боистеъдод ва сарлашкари бузург буд. Вай бо як маҳорати том метавонист дар лаҳзаи қулай дар ҷойи зарурӣ нисбат ба нерӯи душман бештар қувва гирд орад ва зарбаи ҳалокатбор занад, ҳарчанд дар маҷмӯъ лашкари ҳариф чанд баробар зиёд бошад ҳам.
Наполеон дар он замон эҷодгари беҳамтои амалиётҳои ҷангӣ буда, дар гурӯҳбандии қувваҳо, аз як мавқеъ ба дигар ҷойи нисбатан мувофиқ кашидани дастаҳои калонҳаҷм ва бо ин роҳ гумроҳ сохтани душман назир надошт. Вай ҳар як хатоии ночизи рақибро зуд пайхас менамуд ва филфавр ҳамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё