Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

лаҳза қарори нави тақдирсоз қабул мекард.

Наполеон Бонапарт 15 августи соли 1769 дар Корсикаи Аяччо, дар бинои хоксоронаи чорроҳаи зард таваллуд ёфтааст. Ҳамон рӯз Летисияи нуздаҳсола, завҷаи адвокати муфлисшуда Карло-Марий Бонапарт, субҳидам ба калисо рафт. Ҳангоми ибодат ҳолаташ бад шуд, дарди зодан гирифт, ҳарчанд боз ду моҳи дигар вақт буд.

Дар оилаи Бонапарт ҳашт кӯдак камол меёфт - панҷ писар ва се духтар. Наполеон бачаи беҳад кунҷков, вале гарданшаху ҷангара буд.

«Аз ҳама бештар бародари калониам Жозеф аз дасти ман ба дод меомад. Ман ӯро мезадам ва мегазидам, - ба ёд оварда буд Наполеон. - Ва ӯ боз гап ҳам мешунид. Барои он ки ман аз вай пештар ба модарам хабар мекашидам. Макру ҳила маро наҷот мебахшид».

Дар синни нӯҳсолагӣ Наполеонро ба Франция, ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ фиристоданд. Вай дар ин ҷо истеъдоди фавқулодда нишон дод. Ба ғайр аз забонҳои олмониву лотинӣ аз дигар фанҳо ҳамеша баҳои аъло мегирифт. Фанни дӯстдоштааш риёзиёт буд. Зиёд мехонд. Танҳо дар омӯхтани забонҳо мелангид. Ҳатто баъди императори Франция шудан ҳам, ҳангоми гуфтугӯ бо забони франсузӣ на танҳо ба хатоии грамматикӣ, балки ба хатоҳои маъноӣ ҳам роҳ медод. Аммо хотираи басо қавӣ дошт. Вай шеърҳои зиёди Корнелӣ, Расин, Волтерро азёд мехонд. Боз навиштаанд, ки Наполеон бехато номи сарбозу афсарон, моҳу соли бо онҳо дар кадом баталион якҷоя хизмат карданашро ба забон меовард.

пешина
аз 424
навбатӣ