Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҳӯр, Соиб, фиреби фазл аз аммомаи зоҳид,
Ки дар гумбаз зи бемагзӣ садо бисёр мепечад.
(Соиб).

ҲУСНИ ТАЪЛИЛ

Ҳусни таълил ба тоҷикӣ сабаби нағз нишон додан, яъне барои исботи мақсад далели латиф овардан аст.
Шоир барои чизе сифате меоварад, вале барои исботи муддао сабаби муносибе нишон медиҳад. Вале дар воқеъ ин сабаб барои латофати сухан эътиборӣ мебошад:

Он зулфи хушат, ки дилписанд афтодаст,
Бар қадди чу сарват чу каманд афтодаст.
Гуфтам, ки чаро шикастӣ сар то пош?
Фармуд, ки аз ҷон баланд афтодаст.

Ин ҷо шикастагии зулф на аз сабаб аст, ки аз ҷон баланд афтодааст, балки барои латофати сухан чунин фарз кардааст. Яъне ишорати латифе ба ҷон баланд — гӯшаи узор истодани зулф ва шикастани он мебошад. Дар бораи дилбаре, ки забонаш мегирифтааст:

Гуфтам: суханат шикаставаш чун ояд,
Бо он ки ҳама чу дурри макнун ояд.
Гуфто: Сухан аз даҳони танге, ки марост,
То нашқанамаш, чӣ гуна берун ояд?

Дар бораи маҳбубае, ки ба рӯяш доғи ҷароҳате (пашшахӯрда) боқӣ монда будааст:

Бар орази лоларанги он сарви равон,
Он нест нишон аз он ки гаштаст аён.
Азбаски ба хубӣ шуда ангуштнамо,
З-осеби ишора ба руҳаш монд нишон.

Аз Хусрави Деҳлавӣ:

Лола, ки ба дил гиреҳ шудаш зуд,
Аз оҳи ман аст оташолуд.
Азрак ки бунафшаро ба дӯш аст,
Аз мотами ман кабудпӯш аст.

Боз:

Сурхии чашми кабудат ҳеҷ медонӣ, ки чист?
Номае бурд аз ману бар ҳоли ман хун мегирист.

САНЪАТИ ТАФАННУН

Тафаннун дар луғат маънои гуна-гуна шудан, шох-шох гардидан, аз ҳоле бар ҳоле гаштан ва гаштугузорро дорад. Дар илми бадеъ тафаннун он аст, ки шоир айни мазмунро бо калимаҳои муродиф баён мекунад:

пешина
аз 303
навбатӣ