Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоири дигаре ҷумлаи «Соиб вафот ёфт» ро моддаи таърихи вафоти Соиб (1081—1670 ё 1671) ёфтааст.
Гоҳо калима, ҷумла ва ё ибораи моддаи таърих айниан ба аслӣ мавзӯъ мутобиқ меояд, ки барҷастатарин навъи моддаи таърих ба шумор меравад.

Моддаи таърихи қатли Мирзо Улуғбекро «Аббос кушт» ёфтаанд, ки мусовӣ ба рақами 853 (1449/50) мебошад.

Таърихи вафоти Хоҷа Исмати Бухорӣ калимаи «таммат»
воқеъ шудааст, ки ба ҳисоби абҷад ба рақами 840 (1436—37) баробар меояд:

Таърихи вафоти Хоҷа Исмат
Ҳар кас ки шунид, гуфт: «Таммат!»

Садри Зиё дар рубоии зерин бо моддаи таърихи «саъдахтар бодо!» таваллуди писари худро ифода намудааст, ки 1343 ҳ — 1924 м. мебошад:

Ин тоза ниҳол сабзу пурбар бодо,
Дар боғи ҳаёт тозаву тар бодо.
Дар вақти таваллудаш, ки буд ахтар саъд,
Кардем рақам: «Саъдахтар бодо!»

Аҷоиботи ҳисоби абҷад бисёр аст. Масалан, моддаи таърихи ҳуруҷи Чингизро калимаи «хун» ёфтаанд, ки 656 (1258) мебошад. Моддаи таърихи бинои Гӯри Мир «гунбаз»
аст, ки баробари 772 (1370—71) аст.

Моддаи таърих, ки ба ҳисоби абҷад асос ёфтааст, дар аввали пайдоишаш каму беш холӣ аз такаллуф ва санъаткории барзиёд буд. Чунон ки дар шеърҳои Ҳофиз дида мешавад, тариқҳои «майли биҳишт» (787—1385/86), «қурби тоат» (782 — 1380/81), «ҳалили одил» (775—1373/74), «раҳмати ҳақ» (756— 1355), ки таркибҳои соддаанд, моддаи таърих шудаанд.

Моддаи таърихи зерини, ки Ҳофиз дар вафоти шайх Абуйсҳақ гуфтааст (757—1356), аз таркиби шаш калима сохта шуда тамоман бе такаллуф ва содда мебошад.

Булбул сарву суман, ё суману лолаву гул
Ҳаст таърихи вафоти шаҳи мушкинкокул.

Лекин рафта-рафта таърихгӯй ба санъати мураккаби печ дар печ ва суханбозии пуртакаллуфи шаклпарастона табдил ёфт.

Асосан оғози моддаи таърихи лафзӣ асри VI ҳ — асри XII м мебошад, ки давраи сар шудани такаллуфоти адабист.

Аз моддаи таърих баровардани сол чанд қоида дорад, ки аз ҷумла, чизҳои зеринро дар хотир доштан лозим аст:
Гоҳе дар моддаи таърих амали қалб низ даркор мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ