Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, ҳарфи охир ба ҷои ҳарфи аввал ҳисоб меёбад. Ҳамчун راهب (роҳиб) мақлуби بهار баҳор.

Амали тасҳиф низ ба кор аст. Амали тасҳиф бо ҳарферо афзоиш додан, кам кардани як ё чанд нуктаи калима ҳосил мешавад: شراب (шароб) - سراب (сароб), درد (дард, дурд) - دزد (дузд), کتاب (китоб) — کباب (кабоб) ва ғайра.

Калимаи «раҳмон» асосан ба арабӣ бе «о» — алиф ҳамчун رحمن навишта мешавад, ки агар ба шакли رحمان (раҳмон) навишта шавад, як адад зиёд мешавад.

Вови маъдула ба ҳисоб гирифта мешавад: одатан «хоҷа»-ро «ҳавоҷа» (خواجه) ва «хоҳар»-ро «хавоҳар» (خواهر) менависанд ва дар вақти ҳисоб ҳарфи «вов» (و)-ро ба назар мегиранд.

Касраи изофӣ қимати «хо»-и ҳавваз дорад: لالة سرخ (лолаи сурх). Пайвандаки ک (ки) дорои қимати 25 мебошад: к — 20, х — 5.

Хелҳои моддаи таърихи лафзӣ

Моддаи таърихи лафзӣ ё равшану содда аст ва ё асли иборат бо ишорати латифе, ки дар байт вуҷуд ёфтааст, зиёду кам мешавад. Мисолҳое, ки мо дар боло овардем, мисоли намуди якуми моддаи таърих аст.

Намуди дуюми сурати муамморо дорад, ки таъмия меноманд. Масалан, дар ҷавоби ҷумлаи суолии «таърихи ин воқеа чист?» гуфта мешавад, ки «яке аз ҷамъ по берун ниҳод» ё ки «қадам дар миён гузошт». Дар ҷавоби якум рақами як кам карда мешавад ва дар ҷавоби дуюм рақами як меафзояд.

Шахсе дар таърихи бинои ҳавзе, ки Латиф ном шахсе барои истифодаи умум сохтааст, ин тавр гуфтааст: «Аз ҳавзи Латиф об бардор!» Бояд дар ин ҷо аз ибораи «ҳавзи Латиф» калимаи «об», яъне адад се кам шавад, он гоҳ соли канда шудани ҳавз мебарояд.

Мисоли дигар:

Чу таърихи вафоти ӯ зи пири ақл пурсидам, Ба сад оҳу фиғон гуфто: «яке аз қозиён кам шуд».

Дар ин ҷо бояд аз калимаи «қозиён» адади як кам шавад. Моддаи таърих гоҳе як ё якчанд калима, як мисраъ ва ҳатто як байти тамомро дар бар мегирад.

Шоироне буданд, ки бисёртар ба гуфтани таърих машғул мешуданд ва ғарази баъзе аз онҳо дар ҳақиқат тафаңкун, такаллуф ва ҳунарнамоӣ буда, шоириро дар марғабаи дуюм қарор додаанд. Шоирони маъруфи давраи темурӣ шеърсароиро

пешина
аз 303
навбатӣ