Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

10 аст ва «даҳ» (ده) боз нӯҳ 5 ва $5$ низ баробар ба рақами 55 асту исми матлуб ҳосил мегардад.

Чистон ё луғаз
(Луғаз)

Маънои луғавии луғаз печиш, роҳи каҷ ва берун рафтан аз роҳи рост аст. Дар илми бадеъ луғаз он аст, ки шоир шеъре менависад ва чизеро дар назар гирифта сифат, аломатҳо ва хусусиятҳои онро дар либоси ибораҳои мушкил ва монанд ва ғайри зикри номи предметро баён мекунад ва ёфтани онро аз хонанда ба таври хитобу суол ва аксаран ба ибораи «чист он?» ифода мекунад. Аз ин сабаб рафта-рафта ба ҷои луғази арабӣ «чистон» номи ин навъи шеър шудааст.

Чистон дар адабиёти форсу тоҷик аз асри XI сар карда мавриди таваҷҷӯҳ ва табъозмоии шоирон гардидааст, вале дар асри XII ин санъат беш аз пеш рӯ ба тараққӣ мениҳад. Шоирони ин давр дар мавзӯъҳои гуногун чистонҳои бисёре ба риштаи назм кашидаанд. Умуман чистон дар муқаддимаи қасида ба тариқи ташбиб омадааст ва ҳамчун як шохаи васф тараққӣ кардааст. Аксар мавзӯи луғаз шамъ, бод, абр, об, ҳаммом, кабутар, қалам, шамшер, китоб, айнак, мӯрча, оина, найза ва ғайра шуда омадааст. Бо эҳтимоли ғолиб нахустин шоире, ки шеърро ба таври луғаз сурудааст, устод Рӯдакӣ мебошад.

Ду байги зерини Рӯдакӣ дар чистони қалам гуфта шудааст, вале матлаъ ва байтҳои дигари он дар даст нест. Эҳтимол ин низ аз ташбиби қасидае будааст:

Ланги равандаст, гӯш неву суханғӯй,
Гунги фасеҳ аст, чашм неву ҷаҳонбин.
Тезни шамшер дорад, равиши мор,
Қолаби ошиқону гунаи ғамгин.

Баъд аз Рӯдакӣ касе, ки бештар ба луғазгӯӣ машғул шудаасту дар ташбиби қасида сурудааст, Манучеҳрии Домғонӣ (асри XI) мебошад. Аз ӯ ду луғаз мерос мондааст, яке дар бораи ҳаммом ва дигаре дар бораи шамъ аст.

Матлаи луғази шамшер аз Муиззӣ:

Берух пайкарест, гаҳи ҷанг ҷоншикор,
Бедуд оташест, гаҳи разм пуршарор.

Матлаи луғази боду абр аз Абдулвосеи Чабалӣ:

Чӣ ҷирм аст, он бароварда сар аз дарёи мавҷафкан,
Ба кӯҳ-андар дамон оташ, ба баҳр-андар кашон доман,

Чистоне ба номи қайчӣ (аз «Ал-мӯъҷам»):

пешина
аз 303
навбатӣ