Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Чист, к-андар даҳони бедандон-ш
Харчи афтод, рез-рез кунад?
Чун зардӣ дар ду чашми ӯ ангушт,
Дар замон ҳарду гӯш тез кунад?

Чистони себ аз Шамсуддини Муҳаммади Аҷибӣ:

Чист он қасри бедору равзан?
Хирарӯпайкару Суҳайли Яман¹?
Шакли ӯ ҳамчу ҳайъати гардун,
Шахси ӯ ҳамчу кавкаби равшан.
Тани ӯ шодии дил асту ҷуз ӯ
Кас надодаст дахдилу яктан.
Даҳану нофи ӯст бар сару пой,
З-ин аҷабтар касе надида бадан,
Хиҷил аз нофи пур зи сунбули ӯст
Нофаи охуи Хитову Хутан.
Нофи ӯ, гарчи чашман тараб аст,
Лек монад ҳаме ба чоҳи закан.
Гашта ҳамхонаи шаробу симоз²
Буда ҳамшираи гулу савсан.
Ҷаста андар даҳони ӯ тире
Бар мисоли зумаррадин сӯзан...

Чистони патаку кафш:

Чист он ду, ки буваҷдаш бӯи рафоқат тавъам,
Гаҳ равонанд, гаҳ истода ба як пову шикам?
Турфа гоҳе ки пан сайр рафиқанд, агар
Дар равиш ҳеҷ баробар нагузоранд қадам.
Агар ин пой бибардорад, он истод боз,
Он қадам бинҳаду сокин шавад ин бо қади ҳам.
Пой то сар ҳама гардида даҳонанду забон,
Лек часпида забоншон ба даҳон мустаҳкам.
Ҳар яке рост ба по ҳайату шакли маҳи нав
Не камонест, ки дорад сиҳоме³ пан ҳам.
Дар масоҷид зи ҳама мартаба аъло доранд,
Ҷояшон фарқи сари ҷумла, зиҳӣ, қадру қиям⁴
По ба назлайин⁵ хирад сохта ҳар кас пӯнд,
Раҳи ин таъмия аз фазлу ҳунар бод қасам.
Кафшро мондаву пӯшида патак дар раҳи сидқ.
Камари хизмату таслим ба ҷон мебандам.
Патаку кафши Абулфазл ҳамин Ҳайрати зор
Зада ин гуна бифармуд яке шӯх рақам.
(Ҳайрат).

Чистони пиёз:

Чист он турфа хиргаҳи бедар
Андар он хайма хаймаи дигар.
Муфлисонро мусоҳибу дамсоз,
Мунъимонро рафиқи роҳи сафар.

¹ Суҳайли Яман — номи ситораи равшан, ки нисбат ба Ҳиҷоз аз ҷониби Яман мебарояд.
² Симоъ — шунидаи, тараннум, суруд, ваҷду сурур.
³ Сиҳом — тирҳо.
⁴ Қиям — қиматҳо.
⁵ Назлайин — кафш.

пешина
аз 303
навбатӣ