Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман, агар риндам, агар шайх, чӣ корам бо кас,
Ҳофизи рози худу орифи вақти хешам.

Калимаи «ҳофиз» бо ду маъно омадааст: якум нигоҳдори сирру роз, дуюм тахаллус.

Дар забони халқ истифодаи ин гуна калимаҳои думаъноро лутф меноманд.

Аз рӯи намудҳои гуногун таҷнисро ба ду гурӯҳи калон тақсим намуда, таҷниси маънавӣ ва лафзӣ ном додаанд.

Мо ҳоло дар бораи таҷниси маънавӣ сухан ронда зикри таҷниси лафзиро бо намудҳояш дар боби санъатҳои лафзии ин маҷмӯа хоҳем овард.

Таҷниси маънавӣ

Таҷниси маънавӣ, чунон ки дар боло зикр ёфт, ин аст, ки шоир калима ва ё калимаҳое зикр менамояд, ки ҳар кадом дорои ду ва ё зиёда аз ду маъно буда, дар миёни маъноҳо муносибати куллӣ ва ҷузъӣ мавҷуд аст ва дар ифодаи ҳар ду маъно ҳам калимаҳои таносубӣ ва қаринаҳои мантиқӣ хизмат мекунанд. Ё ба иборати дигар, дар таҷниси лафзӣ калима ва дар таҷниси маънавӣ маъно такрор меёбад.

Чунон ки дар рубоии Умари Хайём:

Он каср, ки бар чарх ҳамезад, паҳлӯ,
Бар даргоҳи ӯ шоҳон ниҳоданд рӯ.
Мурғе дидам нишаста бар бораи ӯ,
Фарёд баровард, ки ку-ку, ку-ку.

Калимаи ку-ку, ку-ку дорои ду маъно мебошад: а) таклиди овози баъзе мурғон аст, ҳамчун кабӯтар, кумрӣ, мусича ва ғайра... б) ку-ку, ку-ку ва ё наздик ба ин куҷо-куҷо, куҷо-куҷо гуфтан аст.

Мисоли дигар:
«Зебӣ хост, ки дасташро шӯяд, Сафар ба вай хизмат карданӣ шуда гуфт:
— Истед, ман ба дастатон аз котелок об резам.
— Не, раҳмат, ман аз шумо даст шустанӣ нестам, — ҷавоб дод бо лутф Зебӣ» (Ф. Ниёзӣ).

Дар ин ҷо ибораи «даст шустан» ба маънои маҷозии он, ки дар урфу одати халқии тоҷик ҳаст, яъне ба маънои умед кандан ва тарк алоқамандӣ бозӣ доронда шудааст. Ибораҳои «ба сар об рехтан», «ҷигар кабоб кардан», «ман туро дӯст медорам» ва ғайра, ки дар урф лутф мегӯянд, низ аз ҳамин кабиланд.

Байтҳои машҳури зерини Камоли Хуҷандӣ барои таҷниси маънавӣ мисолҳои барҷаста мебошанд:

Гуфтам: давои дарди диламро хате навис!
Гуфто: давот чун бинависам, давот нест,

пешина
аз 303
навбатӣ