Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Доғи чафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рӯзе, ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Дар ин ду байт ҳам таҷниси лафзӣ ва ҳам таҷниси маънавӣ ҳаст: азбаски калимаҳои «давот» ва «вафот» дубори такрор шуда, ҳар дафъа ҳар кадомаш ба маънои дигаре омадааст, ҷиноси лафзӣ мебошад. Дар айни замон ҳар байт ҷиноси маънавӣ дорад, чунки дар байти аввал калимаи «давот» ду бор зикр шуда «давот»-и дуюми ба ду маъно омадааст: а) ба маънои сиёҳидон, б) ба маънои «давои ту» (давот — давоят). Ҷиноси маънавӣ ҳам дар ҳамин «давот»-и дуюм аст. Дар байти дуюми ҳам калимаи «вафот» ду бор зикр шудааст, «вафот»-и дуюми ду маъно дорад: а) мурдан — яъне дар роҳи вафои ту мурдани кас мурдан ҳисоб намеёбад, б) вафот — вафот, вафоят.
Дар як ғазали Камол ифодаи «ба чашм», ки радиф шуда омадааст, сар то по таҷниси маънавиро ташкил мекунад: яке ба маънои умумин байт алоқаманд шуда омадааст ва дуюми маънои «хуб», «оре», «бале», «албатта»-ро медиҳад. Матлаш:
Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар! Гуфтам: Ба чашм.
В-он гаҳе дуздила бар мо менингар! Гуфтам: Ба чашм.
Аз Ҳофиз:
Гарчи Фарҳодам, ба талхӣ ҷон барояд, ҳайф нест, Бас ҳикоятҳои ширин¹ боз мемонад зи ман.
Аз Камол:
Чун ба васфи рухи ту рӯз шуд, инак шаби мо
Сифати зулфи сиёҳат шаби дигар² гуфтам.
Яъне ҷони оламе, ки дар гиреҳи зулф баста шудааст, барояд ва ё ҷони олам аз бадан мебарояд.
Аз Ҷомӣ:
Хохам аз дил баркашам пайкони ту,
Лек аз дил барнамеояд маро.
Яъне тир аз дил берун намеояд ё дил намехоҳад, ки тир берун ояд.
Навъҳои таҷниси маънавӣ
- Санъати мӯҳтамилуззиддайн
Ин яке аз навъҳои таҷниси маънавӣ буда, дар истилоҳи бадеъ он аст, ки нависанда дар рафти сухан сухане меоварад, ки эҳтимоли ду маънои ба ҳам зидро дорад, ҳамчун мадҳу ҳаҷв,
¹ Ширин — 1) лазиз, латиф, 2) номи маъшуқаи Фарҳод.
² Шаби дигар — 1) як шаби дигар, 2) сифати сиёҳии зулф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё