Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

фаҳмонад, лекин таҷниси маънавӣ дар як байт омадани як калима ва ё чанд калиман дорои маънои баробарҳуқуқ мебошад.

Аммо иҳом ду маъно ба худ гирифтани калима аст, ки яке аз ин маъноҳо наздик ва дигаре маънои дур бошад. Бинобар ин дар миёни таҷниси маънавӣ ва иҳом албатта фарқ гузоштан лозим аст.

Таҷнис дар илми бадеъ ҳамҷинс гардонидан гуфтан аст, яъне калима хоҳ аз рӯи шакл ва хоҳ аз рӯи маъно бояд ҳамҷинс бошад. Вале дар иҳом ин хусусият тамоман ба шакли дигар мушоҳида мешавад, дар иҳом маъноҳо ҳамҷинсу баробарҳуқуқ набуда, балки яке маънои наздики рӯякӣ ва дуюми маънои дури асосист.

Чанд мисол барои иҳом.
Аз Хусрави Деҳлавӣ:

Ба соя хуфта будам дӣ, ки ёр омаду гуфт:
Чӣ хуфтан, ки расид офтоб дар соя.

Офтоб — 1) офтоби ҳақиқӣ, офтоби осмон, 2) офтоби маҷозӣ, ёр.

Аз Ҳофиз:

Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор,
Бар ҳайате ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки ибтидо кунам аз бӯса? Гуфт: не:
Бигзор, то ки моҳ зи ақраб бадар шавад.

Аз бурҷи Ақраб берун шудани моҳ — 1) аз наҳс берун шудан, 2) аз рӯи гирифтани зулф, яъне бигузор, аз рӯям зулфамро як тараф кунам.

Аз Шавкат:

Агар, Шавкат, дурангӣ он гули раъно чунин дорад, Баҳори сулҳи мо охир хазони ҷанг мегардад.

Он гули дуранга — 1) гуле, ки аз дарун сурх ва аз берун зард аст, 2) ишорат аз дурӯя будани гули раъно, яъне ёр.

Аз Муҳташами Қошӣ:

Гарчӣ ангур аст дар бозорҳо, аммо чӣ суд?
Дар кафи атфоли мо ҷуз риши бобо ҳеҷ нест.

Риши бобо — 1) номи ангури ҳусайнӣ. 2) ангур ёфта деҳ гуфта даст ба риши бобо задани бачагон.

САНЪАТҲОИ ЛАФЗӢ

(ё ки тафаннуноти адабӣ)

Санъатҳои лафзӣ бештар аз калимабозиҳои адабӣ иборат буда, онро тафаннуноти адабӣ, яъне дилхушиҳои шеърӣ низ меноманд.

пешина
аз 303
навбатӣ