Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар асрҳои XI—XIII ва XIV шоирони дарбор, монандӣ Қатрани Табрезӣ, Азрақии Ҳаравӣ, Рашиди Ватвот, Абдулвосеи Чабалӣ, Асириддини Ахсикатӣ, Илодӣ, Амъаки Бухороӣ, Қивомии Мутарризии Ганҷавӣ, Зулфиқори Шервонӣ, Шамси Фахрӣ ва махсусан, Салмони Соваҷӣ ба зебокии зоҳирии калом ва санъатҳои лафзӣ эътибор доданд ва баъзе аз инҳо ҳамчун Анварӣ ва Хоқонӣ махсусан дар тумтуроки алфоз ва мушкилиписандӣ зиёда аҳамият медоданд. Вале монандӣ Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Санойӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва амсоли инҳо низ ба санъати сухан майл нишон дода бошанд ҳам, эътидолро аз даст надоданд.

Дар асри XV—XVI санъати сухан ва хусусан моддаи таърих, чистону муаммо ба қуллаи баланди тараққӣ парвоз кард. Як қисми калони санъатҳои лафзӣ ба алифбои арабӣ махсус буда, онҳоро бо хати имрӯза эзоҳ додан мушкил аст. Мо танҳо як қисмашонро ба қадри имкон ба мақсади шиносонидани ҷавонони имрӯза дар поён зикр мекунем.

Ба фикри мо, ба санъатҳои бадеӣ, махсусан ба санъатҳои лафзӣ, ки онҳоро тафаннунот ва тафреҳоти шеърӣ меноманд, ба чашми беэътиноӣ назар кардан чандон дуруст нест. Барои фаҳмидани адабиёти гузашта, аз он ҷумла эҷодиёти классикон донистани он санъатҳои лафзӣ низ лозим аст.

Дар замони ҳозира ҳам баъзе санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ аҳамияти худро гум накадаанд. Аз ҷумла дар шеър ва осори насрии пешқадамтарин адибон устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Шукӯҳӣ, Деҳотӣ ва дигарон гоҳе аз рӯи қасду ирода ва гоҳе аз ғайри қасду хоҳиш дар мисраву байтҳои ҷудогона ба таври табиӣ ва илҳом санъатҳои латифи иҳом, таҷнис, лаффу нашр ва монанди инҳо тазоҳур кардааст.

Ғайр аз ин ҳар як илму фан қисми шӯхӣ ва шодиоваре дорад. Ин қисм дар соҳаи физика, химия, риёзӣет ҳам дар нақбати худ холӣ аз қимат нест. Санъатҳои лафзии бадеӣ низ дар шеъру адаб ҳамин қисмро ташкил мекунанд ва холӣ аз латофат намебошанд.

Машғул шудан ба ин гуна санъатҳои аҷиби хушоянди адабӣ аз қабили таҷнисот ва ё ба навъҳои чистон, баҳри тавил, лаффу нашр, бароати истехлол, суолу ҷавоб, санъати мураббаъ, мусамман, мувашшаҳот ва ҳатто байтбаракҳо ва ғайра боиси ба ҷӯшу хурӯш овардани завқи бадеӣ ва таквиян фаъолияти димоғӣ ва сурури қалб мегардад ва дар роҳи инкишофи зеҳн, тарбияи бадеии ҳаваскорони шеъру шоирӣ хизмат мекунад.

Ҳамон лаззате, ки як донишҷӯ аз ҳалли як масъалаи риёзӣ ва ё аз як амалиёти физикӣ ва химиявӣ мебарад, аз ёфтани кистон ва ҳалли як муаммо ва сарфахм рафтан ба як иҳоми нозук ва тачиниси барҷаста, аз мушоҳидаи латофати як истиора, ташбеҳ, таносуби каломи бадеӣ низ ҳосил мешавад. Албатта, бояд ҳудуди ҳар як чиз нигоҳ дошта шавад. Ин гуна машғулияти

пешина
аз 303
навбатӣ