Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

дилкушои хушоянди аданӣ то ҷое лозим аст, ки мондагии зеҳн ва хастагии хотирро бартараф гардонад, на ин ки ҷон вазифаи асосиро ишғол намояд ва ҳаваскорони моро тамоман ба худ кашида, гирифтори қайди санъатҳои хушоянди адабӣ кунад ва оқибат ба партгоҳи шаклпарастӣ фурӯ андозад.

ТАҶНИСИ ЛАФЗӢ

Вақте ки дар бораи таҷниси маънавӣ баҳс кардем, гуфта будем, ки дар таҷниси маънавӣ як калима ва ё иборае зикр мешавад, ки дорои ду ё чанд маънои баробарҳуқуқ мебошад. Аммо дар таҷниси лафзӣ бар хилофи таҷниси маънавӣ ду ё зиёда аз он калимаи ҳамҷинси якранга оварда мешавад, ки таркиби овозиашон як хел бошад ҳам, ҳар кадом маънои дигар дорад.
Навъҳои таҷниси лафзӣ инҳоянд:

Таҷниси том

Таҷниси том он аст, ки ду калимаи ҳамҷинс, ки ҳам дар талаффуз ва ҳам дар навишт якхелаанд, вале ҳар кадом маънои дигаре доранд, зикр ёфтаанд.
Дар ин байти Робӣаи Балхӣ калимаи «бод» дар охири мисраи якум ва дар аввалу охири мисраи дуюм ба маънои шамол омадааст, вале боди дуюми мисраи дуюм феъли орзумандӣ ва умед мебошад:

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.

Мисоли дигар:

Алам гаштам ба ту дар меҳрубонӣ,
Алам болои сар, беҳтар ту донӣ.
(Низокӣ).

«Алам»-и якум ба маънои маълум, машҳур, ошкоро, фош аст, «алам»-и дуюм ба маънои байрақ, ялав, ливо омадааст.

То фикрати ман ниҳод бунёди сухан,
Обод шуд аз ман таравободи сухан.
Мехост сухан зи дасти бетобшон дод,
Додам ба ишорати сухан доди сухан.
(Камол).

Калимаи «дод» асосан ба ду маъно истеъмол шудааст: дар мисраи 3-юм ба маънои фарёду фиғон ва доду чеғи шикоятомез, вале дар мисраи 4-ум расонидани сухан ба нуктаи аълои фасоҳат ва балоғат аст.

пешина
аз 303
навбатӣ