Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ҳар рӯз дарахт бо ҳарири дигар аст,
Аз бод сӯи бода сафири дигар аст.
(Манучеҳрӣ).
Дар ҳасрати рухсори ту, эй зеборӯй,
Аз нола чу нол1 гаштам, аз мӯя2 чу мӯй.
(Рашиди Ватвот).
Ҳофизи хилватинишин дӯш ба майхона шуд,
Аз сари паймон гузашт, бар сари паймона шуд.
(Ҳофиз).
Таҷниси ноқис
Таҷниси ноқис он аст, ки дар таркиб овози калимаҳои ҳамҷинс (ҷиносӣ) ҳамсадоҳо якранг бошанд ҳам, садонокҳо гуногунанд.
Дар калимаи ҷиҳон — 1-умӣ ба маънои дунё, олам, гетӣ; 2-юмӣ ҷаҳанда:
Рӯзе дурахши теғи ту бар оташ уфтод,
Оташ зи бим гашт ба санг-андарун ниҳон,
Акнун чу оҳәне ба сари санг барзанӣ,
Осима гардаду шавад андар ҷиҳон ҷаҳон.
(Фаррухӣ).
Дар ин рубоии Урфӣ:
Дӯшина, ки бурдӣ бард бар дӯшам буд,
Сармо чу арӯси нав дар оғӯшам буд,
Пӯшидане набуд ҷуз чашм маро,
Чизе, ки ба зери сар ниҳам, гӯшам буд.
Азбаски «бурд» (матоъ) ва «бард» (сармо) дар хати арабӣ як хел навишта мешавад, ин ҷо низ таҷнис ҳаст. Вале дар талаффуз садоноки ин ду калима аз якдигар фарқ мекунад.
Е ки дар ин байти Хоҷу:
Дурахшон ду рухшон чу шамсу қамар,
Дурафшон ду лабшон чу шахду шакар.
Калимаҳои «дурахшон» ва «ду рухшон» (ду рӯяшон) низ аз таҷнисҳои ноқис буда, танҳо дар овози а ва у мухолифат мавҷуд аст.
Мисоли таҷниси ноқис аз Ибни Ямин:
Эй дил, огоҳ нестӣ, к-аз пайкарат боди фано,
То ки ангезад ғуборе чун зи майдон гард гурд.
З-абри хазлон1 замҳарир2 қаҳр чун резон шавад,
Ҳар кӣ дорад бурдӣ тоат, ҷон зи дасти бард бурд.
1 Нол — най, ной сусту борики миёнхолӣ.
2 Мӯя — гиряи бо нолиш.
3 Хазлон — бебаҳрагӣ, фурӯ гузоштан, бозмонӣ.
4 Замҳарир — сармои сахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё