Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар мусибат нола кам кун, к-ин масал монад бад-он,
Барраро мебурд гургу уштулумӣ мекард курд,
Оқибат хоҳад фитод ин барра дар чанголи гург,
Гарчи якчанде нигаҳдориш хоҳад кард курд.
Мард он бошад, ки бахшад симу зар дар зиндагӣ,
Симу зар суде надорад он замон, ки мард мурд.
Соқиё, дармон надорад хушкреши рӯзгор,
Бода дардеҳ, то фурӯ резам ба рӯи дард дура.
Дар байтҳои зерин низ таҷниси ноқис ҳаст:
Писарро нишондаанд пирони деҳ,
Ки меҳрат бад ӯ нест, меҳраш бидеҳ.
(Саъдӣ).
Агар пури золию гар пири зол,
Ба дастоннамой шавӣ поймол.
(Ҳофиз).
Хубони порсигӯй бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат пирони порсоро.
(Ҳофиз).
Ҷурми ман аст васли ту ҷустан ба нақди ҷон,
Аммо фиреб доданӯ ҷастан гуноҳи кист?
(Шоҳин).
Таҷниси мураккаб
Дар таҷниси мураккаб ҷуфти калимаҳои ҳамҷинс зикр мегардад, ки яке аз онҳо калимаи содда ва дигаре мураккаб ё ба шакли таркиб аст, ҳар ду монанди ҳамдигаранд ва дар талаффӯз якранг бошанд ҳам, дар имло аз ҳам фарқ мекунанд.
Хуршед, ки нури дидаи офоқ аст,
Тобанда нашуд пеши ту, то банда нашуд.
«Тобанда» ба маънои дурахшанда буда, дар мавриди дуюм «то банда» аст, яъне «то ки банда нашуд».
Ё ки дар ин байти Ҷомӣ:
Бишнав ин қиссаро, ки Нӯширавон
Рӯзе аз бода хост нӯши равон.
«Нӯширавон»-и якумӣ номи подшоҳи Сосонӣ буда ва «нӯши равон»-и дуюмӣ ба маънои шароби гувороӣ ҷон омада, аз ду калима сохта шудааст.
Дар мисоли зерин низ:
Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сои
Надорад қадру қимат мисли инсон?
(М. Турсунзода).
1 Уштулум — сахтгирӣ; ин ҷо ба маънои доду фарёд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё