Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Лайлӣ сари зулф шона мекард,
Маҷнун дури ашк дона мекард.
(Низомии).
Ба зоҳир бибинандӯ тақсим кунанд,
Ба ботин нишинандӯ нафрин кунанд.
(Малеҳӣ).
Булбул ба чаман нашида гӯяд
Шоир ба Ватан қасида гӯяд.
(М. Турсунзода).
Байти сонии мисоли зерини Баҳорӣ дорои санъати тарсеи комил аст:
Ёд кардам қадди дилҷӯи туро,
Чашми ҷодуи тую мӯи туро.
Нарму лаззатбахш гуфтори туро,
Гарму роҳатбахш рухсори туро.
ИЛТИЗОМ
Илтизом он аст, ки шоир калима ё якчанд калимаро, зикраш лозим набошад ҳам, дар ҳар мисраъ ё дар ҳар байт такроран зикр мекунад. Ин санъатро лузуми моялзим (лозими нолозим) ҳам мегӯянд.
Сайфии Нишопурӣ калимаи санг ва симро дар ҳар мисраъ такроран зикр кардааст:
Эй нигори сангдил, эй лӯбати симинузор,
Дар дили ман меҳри ту чун сим дар санг устувор.
Сангдил ёрию симинбар нигоре з-он ки ҳаст,
Ҳамчу нақши симу санг андар дили ман пойдор.
Ман туро ҷӯям чу симу ту маро ровӣ ба санг,
Захми сангу аҳди сим аз туст гӯё ёдгор.
Камоли Исмоили Исфаҳонӣ қасидае дорад, ки дар ҳар байти он калимаи «мӯ» илтизом шудааст:
Даҳанат яксари мӯяст ба ҳангоми сухан,
Асари мӯйшикофии ту дар вай пайдост.
Ҳар сари мӯй аз он зулфи сиёҳ пиндорӣ,
Дар димоғи мани шӯрида раге аз савдост.
Мӯ баромад ба кафу мӯи ту н-ояд ба кафам,
Бо чунин бахт, ки ман дораму ин хӯ, ки турост...
Чунон ки дар санъатҳои шеърии дигар аз ҳадди эътидол берун рафтан зебоии шакл ва назокати маъниро халалдор мекунад, дар ин санъат низ ғайримуътадилӣ ҳусни сурат ва муносибати мазмунро вайрон мегардонад. Ҳилолӣ, Котибии Туршизӣ ва баъзе шоирони дигар қасидае дар илтизоми шутуру ҳуҷра навиштаанд. Матлаи қасидаи Котиби ин аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё