Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Маро ғамест шутурборҳо ба ҳуҷраи тан,
Шутурдилӣ накунам, ғам куҷову ҳуҷраи ман.
Матлаи қасидаи Ҳилолӣ ин аст:
Шутур кашид агар бори дил зи ҳуҷраи тан,
Шутурдилӣ накунам, ғам куҷову ҳуҷраи ман.
Зайниддин Восифӣ низ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба Қотибии Туршӣӣ ҷавобан қасидае сурудааст, ки дар ҳар мисраъ калимаҳои шутуру ҳуҷраро ва илова бар он дар ҳар байт чор унсур — обу боду оташу хокро низ зикр кардааст.
Дар девони қасидаи «Шутуру ҳуҷра»-и Ҳилолӣ аз тарафи мураттиби девон гуфта мешавад, ки ин қасида «холӣ аз такаллуфе нест». Дар ҳақиқат барои мазмунан ба ҳам алоқадор кардани шутуру ҳуҷра дар ҳар мисраъ ва дар ҳар байт илтизоми чор унсур ба такаллуфи аз ҳад афзун бурда мерасонад. Ба ибораи дигар, калимаҳои туфайлӣ ба ҳисоби миёна нисфи калимаҳои илтизомшударо ташкил мекунад. Аз рӯи қасида хушк, сохта ва аз мазмунҳои баланди самикӣ холӣ буда, аз такрори дилгиркунанда иборат аст. Барои исботи муддао ба таври интихоб аз қасидаи Восифӣ нақл мекунем:
Бибанд бар шутури бод хоки ҳуҷраи тан,
Шутур дар оби фано рону ҳуҷра оташ зан.
Беруни ҳуҷрам хокам ҳасуд як шутур об,
Ба ҳуҷра сад шутур оташ зананд боди фитан.
Шутур зи ҳуҷра равад ҳамчу бод з-оташи хашм,
Зи бас кашал шутур аз обу хоку ҳуҷра миҳан.
Зи боду оташи даврон шутур ба ҳуҷра кашам,
Ки худ кашида шутурубу хоки ҳуҷраи ман.
Чунон ки дида шуд, на танҳо ин қасидаи Восифӣ, балки аксарияти шеърҳое, ки дар боло овардем, намунаи шаклпарастӣ ва суханбозии хушку холӣ мебошанд. Ҳилолӣ ва Восифӣ барин шоирони пешқадам низ аз балои суханпардозии бемаврид берун намонда буданд. Албатта, ин санъат ҳам гоҳо барои ифодаи мазмуни баланде хеле табиӣ ва самикӣ ба кор бурда мешавад, вале аксаран дар шеърҳои формалистона омадааст. Бесабаб нест, ки назариячиён санъати илтизомро «лузуми моялзим», яъне лозими нолозим номидаанд ва бехудаву бемаврид кор фармудани онро нолозим шуморидаанд.
Навъҳои илтизом
(Эънот)
Эънот дар луғат сахт афгандан аст. Вале дар истилоҳи бадеъ аз рӯи такаллуф ба иҷрои амали нолозим илтизом намудан аст ва ҳол он ки сухан аз ғайри он ҳам дуруст ва тамом буда, мақсади нависанда маҳз зебу ороиши сухан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё