Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Мисоле чанд барои дукофия:
Ҳеҷ ганче нест аз фарҳанг1 беҳ,
То тавонӣ, рав туву ин ганҷ неҳ.
(Рӯдакӣ).
Зишт бошад рӯи нозебову ноз,
Сахт бошад чашми нобинову боз.
(Маснавӣ).
Мо жандасалаб шудему дар хаз2 наҳазем,
Ҷуз хор нахоҳем ба ҷуз газ3 нагазем.
Аз лаъли бутони шаккаринмаз4 намазем,
Рухсор ба хуни духтарӣ раз5 наразем.
(Хоқонӣ).
Эй бо лаби ту тӯтии ширинзабон забун,
Кардӣ инон зӣ панҷаи симинбарон бурун.
Лабташна меравам зи паиш, гарчи меравад,
Бар рӯям аз ду дидаи пурхун аён уюн6.
Гар бишканӣ ба сангӣ ситам ҳуққаи дилам,
Ҷуз гавҳари ниёз наёбӣ дар он дарун.
Хоҳӣ, дило, ба пой кунӣ хаймаи мурод,
З-он мӯ талаб танобу аз он қад ситон сутун.
Бо ҳусни илтифоти ту мӯътод гаштаам,
Бар мо макун убур7 тағофулкунон кунун,
Дар мулки ишқ мансаби олӣ у дун якест,
Некон намуда майл ба олӣ, бадон ба дун.
Ҷомӣ алам ба алами девонагӣ фарохт8,
Чун сохт рояти девонагон нигун.
(Ҷомӣ).
Дар ғазали мазкурӣ Ҷомӣ ба иловаи санъати дукофия санъати истиқоку таҷниси ноқис низ дида мешавад.
То ҳарфи васфи он лаби чун писта бастаам,
Аз кайди қанду аз тамаъ руста растаам.
Гар сар равад ба теғи ҷафоят, чӣ бим аз он,
Дасте зи ҷон ба кӯи ту биншаста шустаам,
Дил бастаам ба гесуи хилватнишин буте,
Аз сайри кӯча фориғу аз раста растаам,
Васфи узори тозанигоре намудаам,
Лафзе бадеу маънии барҷаста ҷустаам.
1 Фарҳанг — муарраби фарҳанг.
2 Дар хаз наҳазем — дар хаз ном пӯстини мӯинаи нарму гарм,
ки аз пӯсти хаз ном ҳайвоне медӯзанд, худро намебеҷонем, яъне онро намепӯшем.
3 Газ — як қисм дарахти буттамонанд, ки дорои хӯшаҳои гули сафед
ё сурхранг буда, занбӯри асал онро дӯст медорад, мевааш хушбӯй буда,
чӯбашро барои хушбӯй месӯзонанд.
4 Шаккаринмаз — шакаринтаъм.
5 Разидан — ранг кардан.
6 Уюн — чашмаҳо, ҷамъи айн, ки чашма гуфтан аст.
7 Убур кардан — гузаштан.
8 Фарохтан, афрохтан — баланд бардоштан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё