Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Масти мудоми1 он нигаҳи бемудом маст.
Пайваста з-он ду абрӯи пайваста хастаам.
Ҳайрат, ба ёди орази ӯ боғи хешро
Ҳар сӯ зи гул чаман-чаману даста бастаам.
(Ҳайрат).

Лоиқ — шоири ҷавони боистеъдоди мо низ дар ин ришта зӯрозмоӣ кардааст:

Онҳо, ки ба макри ишқ ёрат шуморанд,
Махмур ба чашми пурҳуморат нигаранд.
Мағрур машав, зи меҳрубонии дурушт,
Яке гул бидиҳанд, сад баҳорат бибаранд.

Ҳоҷиб

Гоҳе дар миёни ду қофия калимаи дигаре даромада, ҳамчун радиф такрор меёбад, ки онро ҳоҷиб (пардадор) меноманд:

Эй аз дили дардноки Хоқонӣ шод,
Ғамҳои ту кард хоки Хоқонӣ бод,
Рӯзе, ки кунӣ ҳалоки Хоқонӣ ёд,
Бар хирзи4 ту ҷони поки Хоқонӣ бод.

Саид Зулфиқори Шервонӣ қасидае иборат аз сию ҳашт байт дорад, ки ҳар байт дорои се қофия, яъне қофия, ҳоҷиб ва радиф буда, матлаш ин аст:

Моҳи ман дармони ҷон аз шаккари гӯё кунад.
Офтобаш сойбон аз анбари соро кунад.

Санъати лабнорас

(Восиушшафатайн)

Шоирони гузашта барои ҳунарнамоӣ аз қабили бозии ҳарф низ шеър гуфтаанд, ки аз хондани он лаб ба лаб намерасад, яъне дар он ҳарфҳои лабии м, б иштирок намекунанд:

Эй сарвкади латифгуфтор
В-эй хушсуҳани зарифкирдор.
Наздиктар ой, гарчӣ кофист,
Ушшоқи туро зи дур дидор.
Он зулф хуш аст ё ки занҷир
В-он рӯй ҳур1 аст ё ки гулзор.
Сарвест чӣ сарв, сарви ҷаннат,
Хуснест, чӣ хусн, ҳусни Фарҳор.

1 М а с т и мудом — масти доимӣ
2 Б е м у д о м — бемай.
3 Ҳ и р з — таъвиз, тӯмор
4 Ҳ у р — офтоб.

пешина
аз 303
навбатӣ