Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ҳаққо ки надида дидан чарх
Чуз рӯи ту хуспро сазовор.
Хун сӯхта шуд зи рашки зулфат,
Дар нофан оҳувони тотор.
Ҳорути ту новакест дилдӯз,
Ёқути ту шаккаррест хушҳор.
Аз нури ту дидагон аст дар нур,
В-аз нори ту синаҳост дар нор.
Чун шуд зи фироқи ту, зиҳӣ ишқ,
Сар рафт зи дасти ту, зиҳӣ кор.
Хон, эй Шараф, ар чу нон хушкӣ,
Аз нолаи ишқ дида тар дор.
Санъати лабрас
(Мувассилушшафатайн)
Ин санъат бар хилофи лабнорас буда, дар вақти хондани ин гуна ашъор лаб ба лаб мечаспад, яъне дар аксар калимаҳои ин гуна ашъор ҳарфи «б», «м» иштирок мекунанд:
Ман моҳи маҳрӯи мусалсалмӯям,
Мафтуни миёни маҳваши маҳрӯям,
Май меҳӯраму миёни майхона мудом,
Мадҳи малики мулку макон мегӯям.
(Хусрави Деҳлавӣ)
Хусрави Деҳлавӣ касидае гуфтааст, ки дар ҳар байт калимаҳои рӯй, мӯй, шона, моҳу оинаву меҳрро илтизом гирифтааст. Аз ин рӯй дар чанд калима лаб ба лаб мечаспад, вале бинобар он ки асосан ин касида дар санъати илтизом гуфта шудааст, танҳо бо нақли матлаъ он қаноат мекунем:
Эй моҳи бастарӯю меҳри андар оина,
Мӯят зи шона рехта муанбар бар оина.
Матлаи қасидаи Муҷириддини Байлақонӣ, ки аз алиф (о) холист:
Сарве, ки бар маҳаш зи шаб тирачанбар аст,
Лӯълӯш зери лаълу гулаш зери анбар аст.
Матлаи қасидаи Мунҷик, ки аз алиф («о») холист:
Зулфайни баршикаставу қадди санавбарӣ,
Зери ду зулфи чаъдаш — дар хатти анбарӣ.
Матлаи қасидаи Адиб Собири Тирмизӣ, ки аз алиф («о») ва ҳарфи «р» холист:
Қадди ман шуд чу ду зулфи ба хами дӯст ба ҳам, Дили ман шуд чу ду зулфи даҷами дӯст даҷам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё