Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Э раб чӣ хуш иттифоқ бошад,
Гар бо манат иштиёқ бошад.
Маҳтобшабе чу рӯзи равшан,
Танҳо ману ту миёни гулшан...
Дарҳам шиканам шиканчи гесӯт,
То гӯш кашам камони абрӯт,
Бо нори барат нишаст гирам,
Себи занахат ба даст гирам.
Гаҳ нори туро чу себ соям,
Гаҳ себи туро чу нор хоям.
Гаҳ зулф барафканам ба дӯшат,
Гаҳ ҳалқа берун кунам зи гӯшат,
Гаҳ гирди гулат бунафша корам,
Гоҳе зи бунафша гул барорам.
Гаҳ бар дари худ кунам нишастат,
Гоҳ номаи ғам диҳам ба дастат.
Э раб, чӣ бувад, агар чунин рой
Бар кор шавад1 чӣ хуш бувад ҳой!..

(Низоми).

  1. а) калимае, ки дар аввали мисраъ омадааст, дар охири мисраъ низ меояд:

Биё, ки бе ту маро ҷон ба лаб расид, биё,
Биё, ки рӯзам аз ин ғам ба шаб расид, биё.
(Ҳафт қулзум).

б) калимае, ки дар миёни мисраи аввал омадааст, дар миёни мисраи соний такрор меёбад:

Хайли дӯст агар дар тасаввурам бигзашт,
Зиҳӣ тасаввури ботил, зиҳӣ, хаёли муҳол.
(Камол).

Гар равӣ дар хонаи эшон, пушаймон мехӯрӣ,
Хӯрдани дар хонаи эшон пушаймон асту бас.
(Сайидо).

  1. Калимаи дар мисрае ҳампаҳлу овардашуда дар мисраи дигари байти дигар ҳамчун тафсиру табъин такрор мегардад:

Рӯи ту сафҳа-сафҳаву ҳар сафҳа офтоб,
Мӯи ту ҳалқа-ҳалқаву ҳар ҳалқа з-ӯ таноб,
З-он сафҳа-сафҳа гул шуду гул шуд варак-варак
З-он ҳалқа-ҳалқа ҳалқаи сунбул ба печутоб.
(Афсарии Бухороӣ).

Ин мисол дар айни замон ба санъати тафсир алоқаманд аст.

  1. Такрори таркиб ва ё ҷуфт:

Шақоиқ сангро бутхона карда,
Сабо ҷаъди суманро шона карда,
Мусалсал гашта бар гулҳои хумрӣ²,
Навои булбулу овои қумрӣ.

1 Иҷро шавад, ба амал ояд.
2 Хумрӣ — сурх.

пешина
аз 303
навбатӣ