Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Парида мургакон густоҳ-густоҳ,
Шамоил бар шамоил, шоҳ бар шоҳ.
Ба ҳар гӯша зи мургон гӯш дар гӯш,
Зада бар гул садои нӯш дар нӯш,
(Низомӣ).
Дилу динам, дилу динам бибурдаст
Бару дӯшаш, бару дӯшаш, бару дӯш,
Давои ту, давои туст, Ҳофиз,
Лаби нӯшаш, лаби нӯшаш, лаби нӯш.
(Ҳофиз).
- Такрори як калима дар маъноҳои гуногун — калимаи «шикастан»:
...Гирам, ки маро ду дида бастанд,
Охир дигарон назора ҳастанд1.
Чун ӯҳдаи аҳд боз ҷӯянд,
Чуз аҳдшикани туро нагӯянд.
Фаррух набувад шикастани аҳд,
Андеша кун аз шикастани аҳд.
Гул то нашикаст аҳди гулзор,
Нашкаст замона дар дилаш хор.
Май то нашикаст рӯи авбош,
Дар номшикастагӣ нашуд фош!
Шаб то нашикаст моҳро ҷом,
Бо рӯи сиёҳ нашуд саранҷом...
(Низомӣ).
Такрори калимаи «забон» ва «мӯй» ба маъноҳои гуногун:
Маҷнун зи Бухорои ашки хунрез
Бикшод забони оташангез,
К-эй ёди лаби ту хуштар аз қанд,
Карда лаби ту маро забонбанд.
Пиндор забон дар ин даҳон нест,
Кӯҳ як сари мӯй, к-он забон нест?
З-он рӯй, ки бас кушодарӯй аст,
Мӯй чу забон, забон чу мӯй аст.
Чун мӯй забон шавад дар ин кӯй,
Беҳ бошад, агар забон шавад мӯй.
Дони зи чӣ мӯй шуд забонам,
То бо ту сухан чу мӯй ронам.
Чун хоси туам ба ҷонфурӯшӣ,
Беҳ гар накунам забонфурӯшӣ.
Чун марҳами синахост бисёр,
К-аз захми забон мабош дар кор!..
(Низомӣ).
Мисоли охирро ба санъати илтизом набояд омехт. Дар илтизом бар хилофи санъати такрир шарт аст, ки калимае лозим гирифта шавад ва дар ҳар мисраъ ӯ байт такрор ёбад. Аммо ин намуди такрир, ки калима бо камоли маҳорат ба маъноҳои гуногун бозӣ доронда мешавад, дар якчанд мисраю
1 Назора — назаркунанда, бинанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё