Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
(Саъдӣ).

Турки ман дӣ сухан ба раҳ мегуфт,
Ҳар кӣ дидаш зи дур, маҳ мегуфт.
(Хусрави Деҳлавӣ).

Матлаи ҳамаи ғазал ва қасидаҳои радифдор дорои ин санъат аст.

б) Баъзан ин калимаҳо маънан дигар мебошанд:

Дар ошиқию дилбарӣ, эй дилбари ширин!
Ман ранҷа чу Фарҳодаму ту турфа чу Ширин.
Аз миёни баҳр карда бо наҳангон ошно,¹
Бар канори кӯҳ карда бо палангон ошно.
(Абдулвосеи Ҷабалӣ).

  1. Калимае, ки дар ибтидои мисраи дуюм зикр ёфтааст, дар аҷуз такрор меёбад.
    а) Гоҳо шаклан ва маънан дигар аст:

На дар дашт сабза, на дар боғ шах,
Малаҳ бӯстон хӯрду мардум малаҳ.
(Саъдӣ).

Ин қисми санъати баргардониш монанди санъати акс аст, вале дар як мисраъ.
б) Баъзан ҳарду калима шаклан яке ва маънан дигаранд:

Шуда хоку хокистар оби ҳаёт,
Наботаш бароварда шӯр аз набот.
(«Ҳафт қулзум»).

Дар ин ҷо «набот»-и аввалӣ рустанӣ ва «набот»-и дуюмӣ ҳалвои махсусро ифода мекунад.

Санъати ирсол (пайиш)

Ирсол дар луғат расад кардан, поидан, дидбонӣ, роҳнигоҳдорӣ кардан, омода будан аст. Вале дар илми бадеъ иборат он аст, ки шоир дар мисраи аввали байти охир калимае меоварад, ки баъд аз муайян шудани ҳарфи равӣ дар қофияҳои байтҳои аввала он калима қофия шуда метавонад. Ин таъриф бисёртар шомили қисми якуми ирсол аст.
Мисол аз Имомиддини Ҳаравӣ:

Чун кабқи шусталаб зи шароби муравеҷӣ,
Кабкӣ аз он ба тавқи муанбар мутаввақӣ,
Бар офтоб танз кунию мусалламӣ,
Бар Муштарӣю Моҳ бихандию бар ҳақӣ.

1 Ошно — шино, ободонӣ, оббурӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ