Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
МУТАЛАВВИН
Ин санъат чуноне аст, ки шоир порчае мегӯяд, ки ба ду ва зиёда аз ду вазн хондан мумкин аст. Талаввун дар луғат ранг ба ранг шудан ва муталаввин рангбарангшаванда гуфтан аст. Масалан, шеъри зеринро гирем, агар баъзе аз калимаҳои он каме кашидатар хонда шавад, баҳри рамали мусаддас — фоилотун, фоилотун, фоилун ва агар сабуктар, фушурдатар хонда шавад, баҳри сареи мусаддас аст, ки муфтаилун, муфтаилун, фоилун мебошад:
Эй рухи зебои ту ороми ҷон,
В-эй қади раънои ту сарви равон,
Аз паи сайди дили ушшоқи хеш
Тир кун аз ғамзаву з-абрӯ камон.
Эй бути шамшодкад(д)-и симбар,
В-эй маҳи сангиндили номеҳрубон.
Пиртар аз рони ту гаштам, вале
Ҳаст аз иқболи ту бахтам ҷавон.
(«Ҳафт қулзум»).
Ғазали зерини Амиди Лавмакӣ низ ба ду баҳр хонда мешавад: рамали мусаддас — фоилотун, фоилотун, фоилун ва сареъ — муфтаилун, муфтаилун, фоилун:
Рӯи ту перояи саҳни чаман,
Мӯйи ту сармояи мушки Хутан,
Бастаи гесӯи ту сад дину дил,
Хастаи абрӯи ту сад ҷону тан.
Турраи таррори ту ошиқфиреб,
Ғамзаи хунини хори ту лашкаршикан.
Фитнаи рафтори ту қабки дарӣ,
Волаи рухсори ту ҳар марду зан,
Дар гаҳи ханда лаби лаълат шикаст
Равнақи байҷодаву1 дурри Адан.2
Зулфи ту бар рӯи ту гӯӣ, ки ҳаст
Сунбули тар ҳамзада бар настаран.
Наргиси ҷодуи ту ҳангоми ноз
Офати ҷону дили маҷрӯҳи ман.
Бандаи холу рухи ту шуд Амид,
Оташи ғам дар дилу ҷонаш мазан.
Қотибии Туршебӣ ба номи «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» оид ба қиссаи Нозиру Манзур маснавие гуфтааст, ки ба баҳри рамал ва баҳри сареъ хонда мешавад ва дар айни замон зуқофиятайн аст:
Ғорати ҷон гармии рафтори ӯ,
Офати дил нармии гуфтори ӯ.
1 Байҷода — санги сурхи ёқутмонанд.
2 Дурри Адан — марвориде, ки аз Адан ном ҷазираи мулки Яман ҳосил мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё