Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

МУВАШҲАҲ

Мувашҳаҳ сифати мафъулии тавшеҳ буда, маънои луғавии тавшеҳ ҳамоил дар гардан овехтан аст. Аммо дар истилоҳи бадеъ он аст, ки шоир қасида, қитъа ё ғазале менависад, ки сарҳарфи мисраъҳо ё байт ва ё калимаҳои миёнаи мисраъҳоро ҷамъ кунем, исме ё байте ё қитъае, ё рубоие, ғазале, ҳатто қасидае ҳосил мешавад. Шамси Қайси Розӣ хелҳои ин санъатро бисёр зикр намояд ҳам, мо бар ваҷҳи зер зикри як навъи онро басанда мешуморем. Аз маҷмӯи сарҳарфи мисраъҳои зерини Рашиди Ватвот номи Муҳаммад ҳосил мешавад:

Маъшуқа дилам ба тири андӯҳ бихаст,
Ҳайрон шудаму касе намегирад даст,
Мискин тани ман зи пои меҳнат шуд паст,
Дасти ғами дӯст пушти сабрам бишкаст1.

САНЪАТИ ЧОРХОНА

(Мураббаъ)

Шоир чаҳор мисраъ ё чаҳор байтро ба тавре иншо менамояд, ки ҳар кадом мисраъ ё байт ба чаҳор ё ҳашт пора тақсим шуда ва ҳар пора ба хоначае навишта мешавад. Хоҳ аз боло ба поён ва хоҳ аз паҳлуи рост ба паҳлуи чап ба тартиби рақам хонда шавад, мисраъ ё байти матлуб ҳосил мегардад:

1

2

3

4

1

Дар фурқати

Он дилбар

ман доим

беморам

2

Он дилбар

к-аз ишқаш

бодардаму

бедорам

3

Ман доим

бодардам(у)

бемӯнису

беёрам

4

Беморам (у)

бедорам

беёрам (у)

ғамхорам

1

2

3

4

1

Аз ғолия

сад силсила

дорад

дилбар

2

Сад силсила

бар орази

равшан

чу қамар

3

Дорад

равшан

симбар

лаб чу шакар

4

Дилбар

чу қамар

лаб чу шакар

дил чу ҳаҷар

1 Сарҳарфи ин мисраъҳо — м, ҳ, м, д, дар хатти арабӣ د - м - ح - م Муҳаммад хонда мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ