Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

САНЪАТИ ТАБДИЛ

Нависанда калимае истеъмол мекунад, ки аз тағйири садонок ситоиш ба хаҷв бадал мегардад:

Рӯзӯ шаб хоҳам ҳаме аз кирдгор,
То сарат бошад ҳамеша тоҷдор.

Агар калимаи «тоҷ» (ҳамсадои «ч»)-ро бо изофат хонем, мадҳ ба хаҷву мазаммат бадал мегардад.

Гуфтам: эй шайх, зарк бунёд макун,
Май нӯшу ба зӯҳди хушк иршод макун.
Фарёд баровард, ки мастӣ! Гуфтам:
Хомӯш, охир наъраву фарёд макун.

Агар ҳарфи «х»-и калимаи «охир» бо садоноки а хонда шавад, хаҷв мегардад. (Чунки дар урф охирро охар хондан ҳаст.)

Санъати истидрок

(Қабеҳу малеҳ)

Истидрок дар луғат ба маънои дарк кардану дарёфтан аст, вале дар илми бадеъ он аст, ки шоир байте мегӯяд, ки аз мисраи аввал мазаммат ва аз мисраи дуюм рафъи мазаммат (дафъи бадгӯй) ҳосил мегардад.

Мадҳи ту бигуфтаму нахоҳам, ки бигӯям З-он рӯй, ки мадҳи ту зи андоза берун аст.
Хайф бошад з-он ки инсон гӯямат, эй моҳ, аз он-к Тан шавад нопок инсонро, ту покӣ ҳамчу ҷон.
(«Ҳафт қулзум»).

Таъкиди мадҳи ҳиҷомонанд

Нависанда касеро васф мекунад. Баъди чанд калимае калимаи хилофии валекен, вале, аммо ва монанди инҳоро зикр мекунад, хонанда гумон мекунад, ки акнун хаҷв сар мешавад, вале баръакс дар мисраи сонӣ камолоти дигари мадҳшаванда зикр меёбад ва шунаванда шод мегардад:
Аз Хусрави Деҳлавӣ:

Лабат Исову рух Юсуф, валекин чашми хунрезат
Халили ошкорову ман Исмоили пинҳонаш
Қоматаш он сарв, вале ростин,
Пур зи гул аз савдашон остин.

Аз Хоҷуи Кирмонӣ:

пешина
аз 303
навбатӣ