Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Лабаш рӯҳпарвар, вале майфурӯш,
Шабаш меҳрфарсо, вале рӯзпӯш.
Зоташ ҷаҳони хилму саботу вафову лек
Дасташ саҳобро кунад аз ҷуд шармсор.
Ҳаме ба фарри ту нозанд дӯстон, лекин
Ба беназири ту душманон кунанд фирор.
Таъкиди ҳаҷви мадҳмонанд
Ин санъат баръакси санъати таъкиди мадҳи ҳаҷвмонанд мебошад. Нависанда дар каломи худ касе ва ё чизеро ҳаҷв мекунад ва мехоҳад ҳаҷви дигаре илова намояд, онро бо калимае сар мекунад, ки шунаванда гумон мекунад акнун ситоиш менамояд. Баръакс ҳаҷви дигаре таъкид мегардад:
Вонзи шаҳр агарчанде бад аст атвораш,
Ин қадар ҳаст, ки дил тира кунад гуфтораш.
Надорад халқ аз ӯ дирҳам, на динор
Вале доранд з-ӯ озори бисёр.
САНЪАТИ МУРОФИК
Мурофик дар луғат ҳамроҳ, ҷӯршаванда аст. Шоир шеъре мегӯяд, ки ҳар як мисраъ бо ҳар кадом мисрае ҳамроҳ шавад, байти мустақиле ба майдон меояд, муносибати калимаҳо, кофияву вазн халалпазир намегардад.
Аз Муиззӣ:
Даҳла сифати ду чашми хунини ман аст,
Оташкада васфи дили ғамгини ман аст,
Чои тару нам бистару болини ман аст,
Ғарқа шудану сӯхтани сина ман аст.
Аз зулф бурун кунӣ, агар тоб шавам,
Бар лаб нанихӣ, агар ман ноб шавам,
Дар чашм наёварӣ, агар хоб шавам,
Аз даст фурӯ резӣ, агар об шавам.
САНЪАТИ ТИТОЛ
Титол дар луғат суханони ҳазломез, мазоҳ ва ширинкоронаест, ки ибора ва ҷумлаҳояш бо аҷзои тазодӣ, ноҷаспон ва ғайритабиӣ таркиб ёфтааст. Ин тарзи суханронӣ дар забони халқӣ низ титол, титолбонӣ номида мешавад:
Акнун бояд фаҳмида бошӣ, ки он гапҳои ман асари мастӣ ё он ки титол набудааст, балки кӯтоҳ ва хулосаи як китоб сухан аст (С. Айнӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё