Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

«хоиск» аз қатори калимаҳои ноошно, ғайримаъмул шумурда мешавад:
Ҳаме оҳани сурхро дар ҷиҳон Ба хоиск кӯбанд оҳангарон.

Калимаи «хоиск» агарчи дар Эрон аз истеъмол маҳҷур бошад, дар байни тоҷикон машҳур аст.

Калима ва шаклҳои номаънусу ғайримаъмул дар забони шеърии имрӯзӣ низ дучор шуда меистонанд. Агар ин гуна калимаҳо ва шаклҳо дар мавқеаш воқеъ нашавад ва аз ғайризарурати махсус омада бошад, ба латофату равонии шеър халал мерасонад. Байту зерини шоири кӯҳансоли марҳум М. Раҳимӣ дорои ҳамингуна калима, шакл ва таркибҳост:
Зиҳӣ шаҳри Душанбе, менамояд маҷлисафрӯзе, Ҳам он Алма-Ато аз меҳри мо чун субҳи байзо шуд.
Шаби дорулфунуни хоҷагӣ бар рӯзи наврӯзӣ Иваз гардиду сури назму наср ин ҷо муҳайё шуд.
Азиз Собит Муқонов дӯстро бинмуда ёд омад, Бихонда мактаби разму ҳаёт аз бахт шод омад...

Дар шеъри зерини шоири ҷавон шакл ва калимаҳои қадимӣ истораҳо, истираҳо низ ба салосати шеър сакта ворид овардааст:
Дидам, ки бар сари шумо истораҳои шаб Чун оташи гирондан истираҳу буванд.
Дидам, ки теғияшон аз хок бар шуда, Ҳамчун сутуни гунбади истораҳо буванд.

Баъзе калима ва истилоҳот дар кишвари Эрону Афғонистони ҳамзабон маъмул бошад, дар Тоҷикистону ноҳияҳои тоҷикнишини Узбекистон фаҳмо ва забонзади халқ нест. Масалан, дар Эрон калимаҳои даллок (сартарош), качал (кал), шиёр (шудгор), кутак (калтак), қалён (ҷилим) ва ғайра маъмуланд 1. Баръакс муродифҳои тоҷикии ин калимаҳо дар Эрон фаҳмо нестанд. Пас маълум мешавад, ки фаҳмо ва нофаҳмо будани калима ва истилоҳот нисбӣ мебошад.

Бисёр луғату калимаҳои лаҳҷавӣ мушоҳида меравад, ки байни тоҷикони шимолу ғарб ва байни тоҷикони ҷанубу шарқ нофаҳмо мебошанд.

Аз ин рӯ, забони адабӣ воҳиди қиёсӣ мебошад ва калима мувофиқи меъёри қабулшудаи забони адабӣ бояд бошад.

  1. Ҳилофи қиёс

Гоҳе шоир ба таври шуурӣ ва ғайришуурӣ барои қофия
ва саҷъи байт калимаҳоро мешиканад ва таркибҳоро бар хилофи қиёс, яъне бар хилофи меъёри қабулшудаи забони ада-

1 Дар ин бора ба китоби «Лаҳҷаи бухорӣ» доктор Аҳмад Алиҷа Раҷоӣ (интишороти чопхонаи донишгоҳи Машҳад, с. 1342 — 3 ҳ. ш.) нигаред.

пешина
аз 303
навбатӣ