Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар даҳон дорем гӯё ҳамчу най,
Як даҳон пинҳонст дар лабҳои вай
Ҷалолиддини Румӣ
Ин ҷо талаффузи ҳиҷрои дарози «пинҳонст» душвор мебошад.
Як шоири мутахаллис ба Закӣ (асри XIX) дар назираи ғазали Сипандии Самарқандӣ сурудааст:
Чу шамъам, то ба базми зиндагӣ якдам нишондандам, Саропо сӯхтандам, ҳамчу хуни дил чашондандам, Таҳи гаҳвора аввал дар шиканҷи ранҷ бастандам, Зи шири модар охир заҳри нокомӣ чашондандам.
Накардам нутқу аз абҷони олам чашм пӯшидам, Агар оқил гумон карданду ар девона хондандам, Диле дар мичмари тан сӯхт, то он ки Сипандӣ гуфт:
«Ба поён орамидам, ҳар қадар боло давондандам».
Талаффузи феълҳои мафҳулии гузарандан дар боло зикрёфта вазнин аст. Як ҷо омадани ҳарфҳои ҳаммаҳраҷ ва ё наздикмаҳраҷ низ талаффузро вазнин мегардонад.
- Калимаҳои ноошно
Гоҳе нависанда калимаҳои ноошно ва ғайри забонзади халқро зикр мекунад, он гоҳ фаҳмидани матлаб ба хонандаву шунаванда мушкил мешавад ва ба фарҳангҳо эҳтиёҷ меафтад.
Чунончи, калимаи «худеш» дар ин шеъри Рӯдакӣ:
Никӯ гуфт муздур бо он худеш,1
Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш.
Агар дар замони Рӯдакӣ калимаи «худеш» машҳур ва маълуми аксарият бошад, кор фармуда шудани он албатта айб набуд.
Ё калимаҳои арабии наик, ашику саҳиқ, ки дар ин шеъри Манучеҳрии Домгонӣ омадааст, душворфаҳм аст:
Ғуробо, мазан бештар з-ин наико2,
Ки маҳҷур кардӣ маро з-ин ашико3.
Аё расми4 атлоли5 вофи6,
Шудӣ зери санги саҳико7.
Вале дар китоби «Зеби сухан» (ҷ. 1, саҳ. 39) дар зери унвони «ғаробат» (ноошно) як байти Фирдавсиро оварда, калимаи
1 Ҳ у д е ш — кадбонуи хона.
2 Н а и к — овози калаг, овози зоғ.
3 А ш и қ — ошиқ ва маъшуқ, ин ҷо ба маънои маъшуқ омадааст.
4 Р а с м — барҷоймоҳои харобаҳои хона ва ҳавлӣ.
5 А т л о л — боқимондаи хона ва саройҳои хароба.
6 В о ф ҳ — комил.
7 С а ҳ и қ — соидашуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё