Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
«Суғд» номи сарзамин аст. Халқи мансуб ба он «суғдӣ» номида мешавад, аммо шоир «суғд»-ро ба ҷои «суғдӣ» овардааст:
Мешиносам хонаи бобои суғдамро ҳанӯз
Ҳамчунон андар қабатҳои замини бурдбор.
(Лоиқ).
Баъзе тағйирот, ки дар осори саромадони сухан дида мешавад, маъниро халалпазир намегардонад.
Масалан, Ҳоқонӣ исми мафъули «маъҳуз»-и арабӣро, ки ба маънои «гирифташуда» мебошад ва аз масдари «ахз» (гирифтан) истиқҳоқ шудааст, ба форсӣ тасриф карда, ба шакли «маъҳудаме» даровардааст ва ғайр аз ин калимаҳои рехтаи «падруд» ва «дуд»-ро низ тасриф намудааст:
Не, не он фарзонаи доғи фироқам кушту бас, Гар ба олам дод буде, ман ба хун маъҳудаме Шуд зи ман падруд, агар бахтим буде пеш аз он-к Ӯ зи ман падруд рафта, ман зи ҷон падрудаме.
Гуфтӣ: Эй бози сапед, аз дуди дил хун мебарӣ, Кош-к аз бози сапедам бесиёҳӣ дудаме.
Ё ки дар ин байт Ҳоқонӣ дар таркиби «нома мебарӣ» тасарруф ба кор бурда, онро ба шакли шикастаи «меномабарӣ» даровардааст:
Ба сабукпар мапар, эй мург, ки меномабарӣ,
То зи рух пои туро хурдаи зар барбандем.
Ё ба ҷои «чӣ мекунад» «мечикунад» гуфтан низ дар ин байни Анварӣ дида мешавад:
Тег дар дасти бод мечикунад
В-аз чӣ маъни зиреҳ шумар дорад.
Пас ба саромадони сухан тақлидан калимаҳоро тағйир додан ва онҳоро худсарона тасриф кардан ҷоиз нест.
Абдулқодирхоҷаи Савдо чаҳор ғазал сурудааст, ки қариб 40 калимаи арабӣ ва тоҷикиро аз рӯи зарофату тафаннун тасриф кардааст. Байтҳои зерин намуна аз он ғазалҳост:
Дар силсилаи зулфи ту қайдид дили мо,
Гаштем парешону сарупо шиканидем.
Қадат сарвидию рӯят гулидӣ дар гулистонҳо
Гаҳе мастона сӯи кулбаи Савдо хиромидӣ.
Ин тасрифот дар шеъри Савдо аз рӯи хуштабъӣ ва ҳазлу шӯхӣ воқеъ шудааст. Бинобар ин онро айби калон донистан лозим нест. Лекин ба ҷои завқ кардан ва ҳисоб кардан завқидан ва ҳисобидан гуфтан нодуруст аст.
Мувофиқи муқтазои қонунҳои нави инкишофи забони адабӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё