Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дар замони ҳозира баъзе тасарруфҳои хилофи қиёс раво шумурда шуда, як навъ пешрафти забони адабии тоҷикӣ мебошад. Ҳамчун: мукофотонидан, электронӣдан, коллективонидан, мошинойӣ кардан, ҷиҳозонидан (на таҷҳизонидан) ва монандӣ инҳо...
б) Калима ва ибораҳои ноҷоя: «ҳамр» шароб гуфтан аст, ки Лоиқ онро ба ҷои «ҳумор» зикр кардааст:
Чун ҳамри шабона бигзарад аз сари мо...
(Лоиқ).
Калиман аҷз, ки муқобилаш қудрату тавонойӣ меояд, ба муқобили умед омадааст. Бояд ба муқобили умед калимаи арабӣ яъс (навмедӣ) меомад (Тарсу умеди тоҷикӣ муқобили хавфу раҷои арабӣ меояд):
Дар ниҳодам ду дил тапад доим,
Байни онҳо ягон муросо нест.
Дар яке аҷз, дар дигар умед,
Дар дили ман тазоди якумрист.
(Лоиқ).
Калимаи «ҳаҷр» синоними фироқ буда, муқобили васл аст. Ҳадиса бар хилофи қиёс чунин овардааст:
Чашмам дар раҳи ҳаҷри ту чор аст,
Биё, ҷонам, биё, ҷонам, баҳор аст.
Шоира ҳаҷрро не, балки васлро меҷӯяд. Вале ифодаи вайрон мақсадро ба ғалат ба зуҳур овардааст.
Калимаи «эҳё» шакли гузаранда аз феъли «ҳайъ»-и арабӣ (зинда) буда, бо иштироки феъли ёвари «кардан» воқеъ мешавад, ҳамчун эҳё кардан. Шоира Ҳадиса дар шеъри «Ёр дур буд» мегӯяд:
Мешукуфтам ҳамчу гулҳо ҳар саҳар
Ҳар нафас аз хок эҳё мешудам.
Бояд мисраи дуюми чунин гуфта мешуд:
Ҳар нафас аз хок рӯё мешудам.
Шоира Гулчеҳра Сулаймонова асосан мусаввири ҳаёти бачагон буда, порчаҳои равону содда бисёр дорад. Вале гоҳе дар истеъмоли мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, баъзе нуқсонҳо мушоҳида меравад. Дар шеъри «Фарзанд»:
Падар хурсанд, модар бар либосаш
Намегунҷад зи шодию таманно.
Дар ин маҳал дар забони гуфтугӯӣ ба ҷои «либос» «курта» зикр меёбад. Либос пӯшоки умумӣ, аммо курта бештар либоси таг буда, пайвасти бадан аст. Аз ин рӯ мардум «фалонӣ аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё