Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

рикқату гиря меоварад, танҳо барангезонандаи ин ҳолатҳои рӯҳӣ мебошад. Агар байт чунин тартиб меёфт, бад намешуд:

Лашкари ғам биситезад сӯям,
Аз висолат мададе меҷӯям.

Дар ин байти Суҳайлӣ:

Гавҳари рахшон зи лаъли гӯза дар чидан бикӯш,
Соф чун мавҷи садаф дилро ҳамедорад ба ҷӯш,

таркиби «лаъли гӯза» беҷо афтодааст. Гӯза на ба ранги лаъл, балки ҷигарранги тира ва қаҳваранг мебошад. Пас агар ба ҷои лаъли гӯза дурҷи зар, сандуқчаи тиллои сафед ё мисли ин ягон чизи дигар гуфта мешуд, мувофиқи ҳол воқеъ мегардид.

М. Аминзода дар як манзумаи худ кӯраки гӯзаи пахтаро бо ташбеҳоти моҳирона тасвир кардааст:

Мағзи ин кӯрак бувад аз шираҳои меҳнатам,
Дар ҳамин сандуқчаи сарбаста бошад давлатам.
Бе сабаб набвад, ки ӯро хумчаи зар гуфтаам,
Гавҳарашро аз ҳама қиматбаҳотар гуфтаам.
Ман намемонам, ки ин давлат бигардад поймол
Аз ҳуҷуми беамони барфу борону шамол.
Кас магар ҳамеин зар дар барфу борон мениҳад,
Дидаву дониста ё бар дасти дуздон медиҳад...

Дар ин байти Ғаффор Мирзо:

Ҳамин ҷо як замон детдоми мо буд,
Маро ин ҷой айёми сабо буд.

Таркиби «айёми сабо» ба маънои ҳангоми сабоҳӣ, бомдодон, саҳаргоҳон истеъмол шудааст, вале аслан маънои таркиби «айёми сабо» рӯзҳои вазидани насими шарқӣ мебошад. Ин ҷо сахт бемаънӣ воқеъ шудааст. Ин чунин заъфи таълиф аст, ки аз надониста истеъмол кардани таркиб пеш омадааст.

Аз ҷумла Лоиқ калимаи мураккаби «кордида»-ро ба шакли нокордида истеъмол кардааст:

Ҷавони навраси нокордида,
Ба ӯ аз соддагӣ дилбаста будам.

«Амирро бад-ин сабаб дил машғул шуд, ки кор бо ҷувонони корнодида афтод» (Байҳақӣ, саҳ. 464).

Дар мисоли зерин аз Суҳайлӣ:

Мунаввар аст шаш ҷиҳат зи ману нури қорашон, Муаттар аст ҳар тараф, зи баски мулк гул намуд.

Таъбири «гул намудан» ба ҷои «гул кардан» омадааст ва ҳол он ки ин нодуруст аст, зеро дар забони халқ ва дар адабиёти классикӣ низ фақат ба шакли «гул кардан» ба кор

пешина
аз 303
навбатӣ