Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
меравад. Гул кардан маҷозан ба маънои инкишоф, тазоҳур, тараққӣ кардан меояд, ки дар «гул намудан» ин хусусият нест. Чунон ки Бедил истеъмол мекунад:
Гул накард, оҳе, ки бар мо ханҷари қотил нашуд, Орзу барҳам назад боле, ки дил бисмил нашуд.
Боз Бедил гуфтааст:
Ҳазор ранг зи бахти сиёҳи ман гул кард,
Замона шӯхии товус дод зоғи маро.
Калимаи «дод» ба маънои адлу инсоф меояд, аммо калимаи «дод» дар синоними ҷуфти «доду фарёд» тамоман дигаргуна аст, ки бо «дод»-и адлу инсоф ҳеҷ алоқа надорад. Лекин Раҳим Ҷалил ин фарқро ҳис накарда сахт ба хато рафтааст. Вай дар романи «Шӯроб» зулми яке аз қаҳрамонони манфии худро тасвир кардаӣ шуда мегӯяд: «Ҷӯрабошӣ... доди бечораҳоро дода мегашт». Маънои ин ҷумла акси мақсади нависандаро ифода мекунад: доди бечораҳоро додан ба онҳо аз рӯи адлу инсоф муомила кардан аст. Зеро, масалан, таъбири «доди сухан додан» ба маънои беҳтарин сухане гуфтан ва беҳтарин асаре навиштан меояд. «Дод додан» яъне инсоф кардан аст, чунончи Байҳақӣ ва Камол гуфтаанд: «чун ин пойгоҳ биёфтӣ, ба халқи худой некӯӣ кун ва дод бидеҳ, то умрат дароз гардад» (Байҳақӣ).
Хешро хуш кун, Камол, аз вазъи хубону бас, З-он ки ман нашнудаам, к-он бут касеро дод дод.
Аммо Раҳим Ҷалил мехоҳад гӯяд, ки Ҷӯрабошӣ бечораҳоро ба дод меовард, вале таъбири «ба дод овардан»-ро ба таъбири «дод додан» иваз намуда, маъниро хароб кардааст.
Ин гӯё мазмуни акс додани ҷумла сахттарин заъфи таълиф аст, ки маъноро ба сактаи қабеҳ дучор мекунад.
Аз мисраи дуюми ин байт чунин маъно мебарояд, ки гӯё сулҳу осоиш хатаре аз зараре дорад, ки онро бехатар ва безарар кардан даркор аст. Аслан муаллиф гуфтан мехоҳаст, ки он хавфу хатареро, ки ба сари сулҳу осоиши мардум омадааст, бартараф кардан даркор аст ва коре кардан лозим аст, ки ба осоиши халқҳо зараре нарасад. Вале ӯ ба ҷойи як мафҳум мафҳуми дигареро кор фармудааст, ба ҷойи таъбири «бартараф» кардани хатар таъбири «беҳтар кардан»-ро овардааст.
Дар имлои алифбои арабӣ садонокҳои кӯтоҳ (и, а, ӯ) навишта намешуд. Бинобар ин бисёр калимаҳоро хато менавиштанд. Аз ҷумла калимаҳои «растан» ва «рустан» баҳам омехта мешавад. «Растан» ба маънои раҳидан ва халос хӯрдан буда, «Рустан» ба маънои рӯидан, нумӯ кардан меояд.
Чун қафаш аз нили фалак шуста шуд,
Нили гиёҳ аз қадамаш руста шуд.
(Низомӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё