Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Бубияй то ба ранги нав, ба ҳусни навҷавонӣ, Ба он дастони ларзони шарафмандат шавам қурбон!
Ё ки дар ҳамин шеъри Лоиқ таъбири «мағфират кун», ки «омурзиш кун» гуфтан аст ва динӣ буда, ба Худо нисбат дода мешавад:
...Маро ту мағфират кун, раҳнамой кун,
Аё модар, аё модар!
Дар ин маҳал ба ҷои «мағфират кун» бояд «афв кун» гуфта мешуд. Шоир Абдулло Қодирӣ дар порчаи зерин калимаи фарҳундаро, ки муродифи калимаи фаррух ва муборак аст, баргалат ба маънои шоду хуррам овардааст.
Қодирӣ гуфтааст:
Имшаб, чӣ шабест хоб дидам,
Ҳай хоби аҷибу боб дидам.
Дар зери дарахти сарв гӯё
Биншаста будем ҳардуи мо
Ҳамсуҳбату бахтиёр будем,
Фарҳунда аз рӯзгор будем...
Чунончи Ҳофиз мегӯяд:
Марҳабо тоири фаррухрухи фарҳундапаём,
Хайра мақдам, чӣ хабар, роҳ куҷо ёр кадом?
- Калимаҳои духӯра
Дар шеър калима ва таркибҳое, ки эҳтимоли ду маъно — маънои аслӣ ва маънои маҷозӣ доранд, хусусан яке аз онҳо маънои мусбат ва дигаре манфӣ бошад, бояд кор фармуда нашавад:
Зи меҳнат биноҳо сар афрохтанд.
Зи меҳнат дарахтон бар андохтанд.
(Суҳайлӣ).
Феъли «бар андохтан» духӯра мебошад ва маъниро ба сакта дучор мегардонад. Асли феъли барандохтан ба маънои афтондан, андохтан, вайрон кардан меояд, вале ин ҷо шоир ба феъли таркибӣ «мева андохтани» халқӣ қиёсан сохтааст, ки фикри хонанда дар аввали хол ба ғалат меравад. Ё ки дар сурати ба маънои мева ба кор бурдани калимаи «бар» низ ба маънои мева ба замин партофтан фаҳмида мешавад. Хулоса, ҷузви аввали феъли мураккаб аз забони адабӣ ва ҷузви дуюми аз забони гуфтугӯӣ гирифта шудааст. Ин гуна феълҳои сохта низ сабаби халалпазирии фасоҳат ва боиси таъкид хоҳад шуд, ки аз заъфи таълиф пеш омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё