Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Зикри рамаду судоъ бо зикри сару чашм қабеҳ (хунук) аст. Чунки рамад бе чашм ва судоъ бесар намешавад. Яъне рамад (як навъ озори чашм) танҳо дар чашм ва судоъ (як навъ дарди сар) танҳо дар сар воқеъ мешаваду бас.
Дар ин байти Муҳаммад Яъқуби Бухорӣ ду хабар — «умрест» ва «шуд» зикр ёфтааст, ки яке зиёд аст.
Умрест шуд Алӣ, ки берун н-омадӣ зи ғам,
Гӯ, ин шақиқа1 то қаю то чанд бар сар аст?
Дар ин байти Саҳбои Вобкандӣ:
Дар таманнои шароби васли ӯ Саҳбо мудом
Ғарқа бошам умрҳо аз ҷайб то домани дар об.
Ду зарфи замон — «мудом» ва «умрҳо» омадааст, ки яке аз онҳо барзиёд аст.
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурге барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
(Ҳофиз).
«Андалеб» ва «ҳазор» муродифи булбул аст, мумкин аст, ки дар он замон ин ду калима аз ҳам фарқ доштааст. Зоҳиран, яке аз ин ду калима зиёдатист.
Аз паси махмили ҷамозаи гул
Нолаи булбули ҳазор гузашт,
(Туғрал).
Дар ин байт ҳам яке аз ин ду калимаи булбули ҳазор зиёдатист ва аз қатори хашви қабеҳ ба шумор меравад.
Марҳабо, эй дилбари симинбадан,
Ҷаъди мушкаинат бувад дар гардани чонам расан.
(Туғрал).
Яке аз калимаҳои симинтани симинбадан зиёдатист. Мисолҳои дигар:
Боғи умрат, ки тоза бод мудом,
Чашми бад дур, равзаест ба бор.
(«Маҷмаъ-ус-саноев»).
Ё чунон ки Рашиди Ватвот гуфтааст:
Дар меҳнати ин замонан бефарёд,
Дур аз ту чунонам, ки бадандеши ту бод!
Инчунин Рашид гуфтааст:
1 Шақиқа — дарди ними сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё