Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Зикри рамаду судоъ бо зикри сару чашм қабеҳ (хунук) аст. Чунки рамад бе чашм ва судоъ бесар намешавад. Яъне рамад (як навъ озори чашм) танҳо дар чашм ва судоъ (як навъ дарди сар) танҳо дар сар воқеъ мешаваду бас.

Дар ин байти Муҳаммади Яъқуби Бухороӣ ду хабар — «умрест» ва «шуд» зикр ёфтааст, ки яке зиёд аст.

Умрест суд Алӣ, ки берун н-омадӣ зи ғам,
Гӯ, ин шакика1 то каю то чанд бар сар аст?

Дар ин байти Саҳбои Собкандӣ:

Дар таманнои шароби васли ӯ Саҳбо мудом
Ғарқа бошам умрҳо аз ҷайб то доман дар об,

ду зарфи замон — «мудом» ва «умрҳо» омадааст, ки яке аз онҳо барзиёд аст.

Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурге барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
(Ҳофиз).

«Андалеб» ва «ҳазор» муродифи булбул аст, мумкин аст, ки дар он замон ин ду калима аз ҳам фарқ доштааст. Зоҳиран, яке аз ин ду калима зиёдатист.

Аз паси маҳмили ҷамозаи гул
Нолаи булбули ҳазор гузашт,
(Турғал).

Дар ин байт ҳам яке аз ин ду калимаи булбули ҳазор зиёдатист ва аз қатори ҳашви қабеҳ ба шумор меравад.

Марҳабо, эй дилбари симинбадан,
Ҷаъди мушканнат бувад дар гардани ҷонам расан.
(Турғал).

Яке аз калимаҳои симинтани симинбадан зиёдатист. Мисолҳои дигар:

Боғи умрат, ки тоза бод мудом,
Чашми бад дур, равзаест бебор.
(«Маҷмаъ-ус-саноев»).

Ё чунон ки Рашиди Ватвот гуфтааст:

Дар меҳнати ин замонаи бефарёд,
Дур аз ту чунонам, ки бадандеши ту бод!

Инчунин Рашид гуфтааст:

1 Шакика — дарди ними сар.

пешина
аз 303
навбатӣ