Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар «Маҷмаъ-ус-саноёъ» дар охири бахши сиркоти шеърӣ чунин гуфта мешавад (бо каме тағйири забон). «Ҳукм ба гирифтани маъно ва дуздӣ набояд намуд, то маълум гардад, ки шоири дуввум аз шоири аввал бурдааст ва дар ҳангоми иншои шеър ӯро дошта бошад ва илло метавонад буд, ки аз қабили таворуди хотирҳо бошад... Дар ин бора Камоли Исмоил мегӯяд:
Агар таворуди хотир, ки дар маҷорӣ1 он На мумкин аст, ки кас мӯътариз2 шавад бар вай, Ду роҳрав, ки ба роҳе раванд бар як самт, Аҷаб небошад, агар уфтанд пай дар пай.
Байтҳоеро, ки рокими ҳуруф 3 ҷиҳати қисмҳои дуздӣ оварда, ҳаргиз дуздӣ нест, балки ҷамъи таворуди хотирҳост... Чунончи, дар «Маҷмаъ-ун-наводир» мастур4 аст, Мир Низомиддини Шайх қасидаде дар мадҳи Мирзо Султон Аҳмади Самарқандӣ дар силки назм5 кашида, ҷиҳати талаби ислоҳ ба назари Мир Алишер (Навоӣ) расонидааст. Он ҷаноб баъд аз тааммул ва андеша гуфтааст: «Баъд аз байте, ки муштамил6 бар исми мамдӯҳ аст, байти дигар мебояд, то сухан марбут шавад». Амир Шайх тасдиқ намуда, илтимос кардааст, ки: «Он байтро шумо дар силки назм оред». Мир Низомиддин Алишер ҷавоб фармуда ки «шумо ҳам фикр намоед ва ман низ тааммул намоям». То он гоҳ ҳар як давоту қалам ва коғазора дар пеш ниҳода мутафаккир шудаанд. Баъд аз лаҳзае ҳар як байте гуфта ва навишта якдигарро доданд, ки ҳарфе аз ҳам тағйир надошта ва он байт ин аст:
Баҳори боғи ҷавонӣ, ниҳоли гулшани ҳусн,
«Гули риёзи карам, сарви ҷӯйбори вафо».
Аз тарафи дигар, бинобар он ки классикони мо ашъори шоирони гузаштаро ва ё шоирони муосири худро ҳазорон-ҳазор аз ёд медонистанд, ба таври тасодуф мисраъҳо, байтҳо айни ҳамдигар воқеъ мешуданд.
Ғайри аз ин, шоирони пешина барои тақвияти мазмуну даъвои худ ва ҳусни сухан мисраъ ва байтҳои мувофиқи вазни афтодани дигареро ба шеъри худ дохил менамуданд ва агар ғайри машҳур бошад, аксар номи шоирро зикр мекарданд. Аммо байт ва ё мисраъ дар ҳамон замон ба номи шоире дар байни халқ машҳур бошад, аз ғайри зикри ном тазмин карда мешуд. Масалан:
1 Маҷорӣ — маҷорҳо, ҷои ҷараён, ин ҷо ба маънои вақти воқеъшавӣ омадааст.
2 Мӯътариз — эътирозкунанда.
3 Рокими ҳуруф — муаллиф.
4 Мастур — мазкур.
5 Силки назм — шаддаи марвориди назм: ба силки назм овардан — ба назм даровардан.
6 Муштамил — шомил, алоқадор, дарбаргиранда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё