Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ном мегирад. Ин зиҳоф дар баҳри рамал ва музореъ истеъмол мегардад.

V. Ҳазфи ду ҳиҷои дароз ва як ҳиҷои кӯтоҳ:

  1. Ҳаҷф — масалан, аз фоилотун фаъ мемонаду маҷҳуф номида мешавад.
  2. Салҳ — чунончи, аз фоилотуни мафруқи мунфасил фоъ мемонаду маслуҳ ном мегирад.
  3. Тамс — аз фоилотуни мунфасил фаъ мемонад ва матмус номида мешавад.
  4. Чадъ — аз мафъӯлоту фоъ мемонаду маҷдӯъ ном мегирад ва дар баҳри сареъ, мунсареҳ истеъмол мегардад.

Дар мавриди зиҳофоти вақф, каср, ҳатм, салҳ, чадъ, залал як ҳарфи ҳамсадо дар охир зиёд мемонад ва бинобар он ки ин зиҳофот ҳама ба рукни охирини вазн тааллуқ доранд, аз ин рӯ дар охири вазн афзунии як ё ду ҳарфи ҳамсадо равост ва тағйире дар вазн намедиҳад (Хонларӣ, саҳ. 208).

ҚОИДАИ АФЗОИШ

Афзудани як ҳиҷои дароз:

Тарфил — чунончи мустафъилун мустафъилотун ва мутафоилун мутафоилатун мегардад. Ин зиҳоф дар баҳри комил ва раҷаз истеъмол шуда, мураффол ном мегирад 1.

ҚОИДАИ ТАБДИЛ

Табдили як ҳиҷои дароз ба як ҳиҷои кӯтоҳ:

  1. Қабз — чунончи мафойлун ба мафоилун, ё фаӯлун ба фаӯлу мубаддал мегардаду рукни музоҳаф мақбуз ном мегирад. Ин зиҳоф дар баҳрҳои ҳазаҷ, музореъ, мутадорик воқеъ мешавад.

  2. Кафф — масалан, мафойлун ба мафойлу ва фоилотун ба фоилоту табдил меёбад ва рукни музоҳаф макфуф ном гирифта, дар баҳрҳои тавил, мадид, ҳазаҷ, рамал, ҳафиф, муҷтасс, музореъ воқеъ мешавад ва дар охири мисраъ намеояд.

  3. Ҳабн — мустафъилун ба мафоилун, мафъӯлоту ба мафойлу ё фоилотун ба фаилотун мубаддал мешавад ва рукни музоҳаф маҳбун номида мешавад.

  4. Таӣй — мустафъилун ба муфтаъилун ва мафъӯлоту ба

1 Баъзан ба ҳиҷои охирини мураффол — мустафъилотун як ҳарфи сокин (алиф) ҳамроҳ мекунанд, ки мустафъилотон мешавад ва мутаввал ном мегирад.

пешина
аз 303
навбатӣ