Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ҳавояшро чу исмат дар миён буд,
На з-инаш суду на з-онаш зиён буд.
(Ҳозиқ).
Дар осори классикон, хусусан дар аксар байту мисраъҳои маснавии Румӣ чунин кашиш дида мешавад. Дар ин бора дар қисми бадал шудани овозҳо тафсил дода хоҳад шуд. Мо баъд аз ин ба ҷои таъбири имолаи мақдӯҳ таъбири кашиши нораво пеш мебарем.
Кашиши нораво
Калимаи тирозро мувофиқи талаби вазн дар мисраи 2-и байти зерин ба шакли тирроз ва ё ҳиҷои 1-умро кашида хондан лозим меояд, ки дар натиҷа калима ба худ шакли хунукеро мегирад:
Бешаи он аст боғи булбулон
Деҳани он аст тирози ҷаҳон.
(Мӯъмин Қаноат).
Вазнаш: фоилотун фоилотун фоилон
— V — — / — V — — / — V ~
Дар ин байти Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки аз шеъри «Сулҳ» аст, дар мисраи дуввум як ҳиҷо намерасад:
Дӣ нишаста лаби фонтан зани сунбулмӯе,
Дар бағал кӯдаки ҳандонлабу хушрӯе,
Вазнаш: фоилотун фаилотун фаилотун фаълун — V — — /VV — — / VV — — / — — буда, агар ба ҷои хушрӯе зеборӯе мегуфтем, вазни шеър дуруст мешуд.
Ш. Мастон дар шеъри «Қиссаи ғунчишки баландпарвоз» калимаҳои дум ва хонишро бо кашиши нораво истифода кардааст:
Нӯлу дум(м) у почаку болаш аҷиб,
Дона-дона дар қанат холаш аҷиб,
Ки чисон бозе ки орад хонааш.
Бо ҳамон хони(ш)-ши ғунчишконааш.
Савти хуш зӯҳд мекардаст, он,
Бозҳоро шод мекардаст он...
Чунон ки, дар ин байти Румӣ мебинем:
Пайк агарчи дар замин чобуктар аст,
Чун ба дарё рафт, биғсаста раг аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё