Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ин ҷо ҳарфи р дар калимаи ангур, яъне як ҳиҷои кӯтоҳ аз тақтеъ зиёд афтодааст.
Дар мисраи нахустин ва сонии ин матлаи Сайидо, ки бо ҳамин вазн гуфта шудааст, як ҳарф — аз тақтеъ зиёд афто-дааст:
Ин чӣ рангу рухсораст? — Гулшани ҷамол аст ин, Ин чӣ қадду рафтор аст? — Ғояти камол аст ин.
Вале инро ба гурӯҳи нуқсоноти вазн — завоид ё сактаи қа-беҳ дохил кардан нашрояд, чунки арӯзиён инро ба қисми сак-таи малеҳ дохил кардаанд... Вале Муҳаммад Ғиёсиддин дар мисоли зерин:
Агарчӣ сад сол зи бехудӣҳо
Ба хоки роҳат фитода бошам.
ки бар вазни мутақориби аслам буда, 2 бор фаулу фаълун дар мисраест, ҳарфи «л»-ро аз охири калимаи «сол» зиёд ме-шуморад «ва ин қисм зиёдат мамнӯъ бошад» гӯён мазҳуфи ғайри муравваҷ меномад, яъне ба сактаи қабеҳ дохил мекунад.
Бинобар ин барои тақтеъ мутлақо аз вазни матлуби қонунӣ хабардор шудан зарур аст. Чунон ки дар мисолҳои боло ди-да шуд, дар баъзе вазнҳои алоҳида ба таври мустасно зиёд афтодани ҳарфе дар охири рукни мобайни ё охирин мумкин аст.
Ғайри аз ин баъзе вазнҳое мушоҳида мешавад, ки ба ду хел рукни мувофиқ меояд. Масалан вазни мутақориби мусаммани аслам, ки яке аз вазнҳои мутақориб — фаълун фаӯлун фаъ-лун фаӯлун мебошад, дар айни замон ба вазни мустафъилоту мустафъилотун, ки яке аз вазнҳои баҳри раҷаз мебошад, низ мувофиқ меояд.
Ин гуна ҳолатҳо бисёр дида мешавад. Пас донистани ваз-ни ҳақиқӣ, ки аз тарафи арӯзиён муайян ва муқаррар шуда-аст, зарур ва ҳатмист. Вагарна тақтеъи ғайриқонунӣ ва рӯякӣ ҳисоб меёбад.
Аз ин рӯ ба ҷуз донистани вазн ва рукнҳои қонунии онҳо, донистани зиҳофоту захф ва фарқи ин ду ҳодиса аз ҳамдигар ва махсусан донистани ҳолатҳои истисноӣ дар қонунҳои арӯз лозим аст.
ВАСЛ
Агар ҳамсадои охири калима дар мобайни мисраъ зиёд афтода, шеърро аз вазни матлуб берун барад, дар он сурат ягона чора ин аст, ки шоир бояд баъд аз ҳамсадои зоид калимаеро оварад, ки бо ҳарфи садонок оғоз ёбад. Зеро ҳамсадои зоид ба садоноки калимаи оянда васл (ё ки идғом) шуда сакта аз байн меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё