Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Вазнаш: фоилотун фоилотун фоилотун фоилон
— V — — / — V — — / — V — — / — V ~
Кист он шоҳсавори хушу хуррам, ки ду кавн
Бастан банди кабову олами дӯшаш буд.
(Ҳофиз).
Вазнаш: фоилотун фаилотун фаилотун файлуи (фаълун).
— V — — / VV — — / VV — — / VV — (— —)
Дар алифбои нав бинобар набудани аломати махсус барои ҳарфи айн (ع) дар аввали калима, баъзе аз шоирони имрӯзӣ ин ҳарфро ба назари эътибор намегиранд. Вале ба фикри мо, айн дар ин мавқеъ дар алифбо аломати махсус надошта бошад ҳам, аз рӯи принципи таърихӣ, фасоҳату мавзунияти шеър ва хусусан дар лаҳҷа ва шеваҳои ҷанубӣ ҳарфи айн ва ҳ-и хуттӣ нағз ва равшан талаффуз мешавад, ки дар ин ҳолатҳо айинро чун садонок ҳисоб набояд кард.
Чунон ки дар ин шеъри шикаставазни Муҳӣ ҳарфи васлро айини сари калимаи «оқибат» (عاقبت) ро накардааст, ва ҳарфи охирини калимаи аввал зиёд воқеъ шудааст:
Бе пару болему бе ранҷу таъб,
Бар сари гардун бароем оқибат.
Ба туфайли сакта дар пайкари мусаффои шеър доғе пайдо мешавад.
Ё ки баъзе аз ҷавонон бағалат ба усули ҳиҷоӣ пайрав шуда, ҳиҷои мисраъҳоро алассавия мешуморанд. Дар натиҷа ҳиҷоҳои дарозу пурраро бо ҳиҷоҳои кӯтоҳ баробар ҳисоб мекунанд, ки шеър ғайримавзун ва тамоман аз доираи шартҳои арӯз берун меравад. Масалан, ҳиҷоҳои ҳар ду мисраи байти зерини Ҳофизро аз ғайри дар назар гирифтан камияти ҳиҷоҳо баробар шуморем, мисраи дуюми аз мисраи якумӣ ду ҳиҷо кам мебарояд. Яъне мисраи якумӣ аз 15 ва мисраи дуюмӣ аз 13 ҳиҷо иборат аст:
Марҳабо, тоири фаррухрухи фархундапаём,
Хайрамақдам, чӣ хабар, роҳ куҷо, ёр кадом?
Вале бинобар он ки мисраи дуюмӣ низ дорои ҳиҷоҳои пурра (якунимҳиҷо) — «роҳ» ва «ёр» мебошад, аз 15 ҳиҷо иборат шуда мемонад, ки вазнаш: фоилотун, фаилотун, фаилотун, файлон мебошад. Бинобар ин тарозуи арӯз, ки онро тарозуи ҳассоси тиллобаркаши шеър номиданамон мумкин аст, камияти ба қадри як сари мӯро ба назар мегирад. Аз ин рӯ бояд ҳиҷоҳои ду мисраъ аз рӯи ҳаҷму камият ва тартиб рӯ ба рӯи ҳам истанд. Ин ҳолат бошад, дар натиҷаи тақтеъ, ба асоси ҳиҷои рукнҳои вазни матлуб ва бо ба эътибор гирифтани ҳолатҳои истисноию бадалшавии садонокҳо ҳосил мешавад, вагарна аз тақтеи ғайриқонунӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст нахоҳад омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё