Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ҳоло ва чи дар забони халқӣ таркибҳои изофӣ вомехӯранд, ки бо тарҳи бандаки изофӣ талаффуз ва навишта мешаванд, ҷузъи якум миқдор ва ҳаҷми ҷузъи дуюмиро ифода мекунад. Ин ҳолат як навъ хусусияти нумератив, шакли рехтаи устуворро гирифтааст. Масалан:
Як даста гули димоғпарвар,
Аз сад хирман(и) гиёҳ беҳтар.
(Низомиё).
Яке қатра(и) борон зи абре чакид,
Хиҷил шуд, чу паҳнои дарё бидид.
(Саъдӣ).
САДОНОКҲОИ А, У, И ДАР ОХИРИ КАЛИМА
Садонокҳои а, у, и монандӣ бандаки изофӣ ба танҳоӣ ва ё бо ҳамсадое дар охири калима асосан ҳамчун ҳиҷои кӯтоҳ ба кор меравад, вале агар вазн талаб намояд, чун ҳиҷои дароз низ истифода шуданаш мумкин аст.
Чунон ки дар мисраи аввали байги 1-уми зерини Низомӣ а дар охири калимаи сабза ва у дар охири калимаи ширу ва дар мисраи сонӣ бандаки изофӣ дароз ҳисоб ёфтааст, дар бай-ти дуюми садоноки а дар охири калимаи хазина дароз шумур-да шудааст:
Чу сабза лаб ба ширу барф шустам,
Чу гул бо сабзахон нағз рустам.
Вазнаш: мафойлун мафойлун фаӯлун
V — — — / V — — — / V — —
Фаровонхазина фаровонгам аст,
Кам андуҳ онро, ки дунё кам аст.
Вазнаш: фаӯлун фаӯлун фаӯлун фаӯл.
Дар ин байтҳои Шамси Табрезӣ садонокҳои а, у, и ҳам дароз ва ҳам кӯтоҳ ҳисоб ёфтааст.
Чу наздик аст ҷони ту ба ҷонам,
Кӣ ҳар чизе, ки андеши, бидонам,
Чу оби соф бошад ёр бо ёр,
Кӣ бинмояд дар ӯ акси баёнам.
Вазнаш: мафойлун мафойлун, фаӯлун.
V — — — / V — — — / V — —
Чунон ки дар боло дида шуд, агар ҳиҷоҳои кӯтоҳ рӯ ба рӯи ҳиҷои дарози охири рукн (калима) воқеъ шавад, дароз ҳисоб меёбад. Инчунин ҳиҷои кӯтоҳ дар охири мисраъ ба тав-ри умумӣ ҳамчун қоидаи куллӣ дорои қимати ҳиҷои дарози од-дӣ мегардад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё